Аксияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб"28-08-2017, 10:41
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 25-августи соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муовини раиси ноҳияи Хуросон Подшоҳзода Нуринисо Кароматулло ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидов Раҳмон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯи мактаб» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 80-нафар ҷавонон, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар толори бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки чорабинии имрӯза дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии соли нави хониш баргузор гардида истодааст. А.Раҳмонзода қайд намуд, ки ҲХДТ соҳаи маорифро самти афзалиятноки фаъолияти барномавии худ ҳисобида минбаъд низ ба соҳаи маориф ва толибилмон таваҷҷуҳи хос зоҳир хоҳад кард. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.