ВОХӮРИҲО ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН!18-06-2017, 09:55
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12 то 17-уми соли равон дар ҳудуди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Самариддин Асоев, нависанда Шералӣ Мӯсо, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Убайдулло Азизов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Раҳмон Саидов вохӯриву суҳбатҳо бо иштироки оммаи васеи меҳнаткашон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ оид ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҳикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд. Дар ҳар як вохӯрӣ зиёда аз 180 то 250 нафар аҳолии ҳудуди ҷамоатҳо аз ҳисоби ҷавонону занон, хатибони масҷидҳо, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, омӯзгорону табибон ва дигарон иштирок доштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.