Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мубориза ба зидди вабои аср!

Мубориза ба зидди вабои аср!

21-08-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Мубориза ба зидди вабои аср!
Шукри Худованд ва шукри Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз Ватани мо тинҷу ором, миллати мо муттаҳиду сарбаланд, диёри азиз ободу хайру баракат дар хонадони мардум аст.
Боз шукри онро мекунем, ки ба сари халқ ва миллати тоҷик роҳбари оқил, ғамхор ва адолатпеша Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато фармуд.
Гузашти айём ва мурури замон аҳли ҷомеаро водор мекунад, ки аз гузашта сабақ гирифта, ҳикмати онро донад ва хулоса барорад, ба қадри имрӯза амният, оромӣ, озодӣ расида, ободкунандаи онро шиносад ва ояндаи Ватану миллатро аз назари эътибор дур накунад.
Миллати тоҷик дар муқоиса бо дигар халқу миллатҳои мавҷуда аз қадим бо имону ихлос, урфу одати беҳтарин, одобу ахлоқ, фарҳангу мазҳаби таҳаммулпазири худ фарқ мекард.
Имрӯз миллати тоҷик дар рӯи олам бо беҳтарин нобиғаҳо, олимон ва фарзандони фарзонаи худ ифтихор дорад. Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат андеша мекунем, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Аз давлати асримиёнагии тоҷикон давлати Сомониён то имрӯз ин миллат чи қадар рӯзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад, вале дар ҳар замон шахсиятҳоеро Парвардигори олам чун раҳнамову пешбар ато мекард, ки миллати тоҷик то ба имрӯз омада расидааст.
Суоле пайдо мешавад, ки дар ин ҳама ноҳамвориҳои дарози таърих миллати моро аз газанду шикастҳо ва парешониҳо чӣ нигоҳ дошт? Асолати миллии моро чӣ ташкил мекард, ки он тавонист ин миллатро то ба имрӯз бо сари баланд бирасонад?
Ба андешаи бузургон миллатро се унсур аз нестӣ нигоҳ медорад ва дар байни миллатҳои дигар сарбаланд месозад. Якум нобиғагон, донишмандон, фарзандони содиқ ва пешвоёни сарсупурдаи халқӣ, ки дар ҳар давру замон хушбахтона байни фарзандони модари тоҷик буданд. Дуюм илм, ки дар паҳнои он адолат, имон, инсоф ва дурбинии сиёсӣ қарор дошт. Сеюм китобдорӣ ва китобдӯстӣ, ки дорои маънавии миллат ва инъикосгари муҳофизи мероси ғановатманди маънавии миллист. Ҳар қавмияте, ки аз ин се рукни фарҳангсолорӣ бархурдор аст, ҳаргиз фанопазир нест. Дар байни миллатҳо миллати куҳанбунёди мо нобиғаҳои нотакрори худро ҳам дар ҷодаи дин ва ҳам дар илми дунявӣ дорад, ки ҳуввияти беназири онҳо ҷаҳониёнро ба ҳайрату шигифт андохтааст.
Ҳарчанд дини мубуни Ислом аз нимҷазираи араб зуҳур кард, вале тоҷикон дар густариши он саҳми бузургро гузоштаанд. Агар дар илмҳои дақиқ мо бо ифтихор аз Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абунасри Форобӣ, Закариёи Розӣ ёдовар шавем, дар адабиёт аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Носири Хусраву Низомӣ, Саъдиву Мавлавӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомиву Сайидо ифтихор мекунем. Дар густариши Ислом бошад, шахсиятҳое, чун Имоми Аъзам дар бахши ақидаву фиқҳ, Абумансури Мотуридӣ, Ҳакими Самарқандӣ дар ақида, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ дар илми ҳадис нақши босазо гузоштаанд. Мову шумо медонем, ки дар тамоми олами Ислом китоби Имоми Бухориро баъди Қуръони Карим муаззам медонанд.
Яке аз чеҳраҳои дурахшони олами Ислом, ки таълимоту ақоиди ӯ аз замони зиндагияш то кунун дар олами Ислом мавриди таваҷҷӯҳ, таҳқиқ таблиғ ва тарвиҷ қарор гирифтааст, Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибини Собит раҳматуллоҳи алайҳ мебошад. Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар олами Ислом мавриди истиқбол қарор гирифт, эълон доштани соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд, ки ба шарофати он мардуми мо ба маърифат ва омӯзиши зиндагинома ва мероси арзишманди ақидаву фақҳи Имоми Аъзам руй овард. Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ибодати худро дар мазҳаби Ҳанафия мегузоранд, ки 99% мардуми Ватани азизи мо мусулмон аст.
Яке аз дардҳои ҷомеаи имрӯза таҳдиди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Дарди ихтилоф ва тафриқи ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёнест, ки ба номи Ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам, онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «даъватчиён» расули Худо фармудаанд: «Гурӯҳе аз даъватгарон ба дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)».
Имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эъҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.
Чунин як равия дар асри XII – уми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал - Муваҳҳидун» номиданд. Таълимоти онҳо бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ (нашъунамо) мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «Ваҳҳобӣ» ва баъдан «Салафӣ» ном ниҳоданд.
Муассис, яъне асосгузор ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ (1703 мелодӣ) ба дунё омада, баъд аз омӯзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб 4 мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои Худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Куфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки онҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.
Имрӯз пайравонӣ ӯ, идеологияҳои салафӣ, аз қабили Ибни Таймия, Носириддин Албонӣ, Ал-Усаймин ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво (макон) дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад. Омили асосии ихтилофоти Салафия бо мазҳабҳои чаҳоргона ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодат, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда бошад. Аз ҷумла «Салафия «Ломазҳабият», яъне бе мазҳабиро авло донистанд.
Тақлид, тавассул – дархост аз Худо бо воситаи Паёмбар (с.ъ.в.с.), тавассул бо воситаи некӯкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с.ъ.в.с.) таҷлили мавлуди Набӣ (с.ъ.в.с.), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуданд. Инчунин дар масъалаҳои фиқҳӣ, мисоли тарзи адои намоз – бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.
Сарвари давлат чунин тафриқаандозӣ ва фитнаангезиро эҳсос намуда, нисбати пешгирии чунин раванди номатлуб ҳамеша дар маърӯзаву суханрониҳои хеш изҳори назар мекунанд. Он кас бо таассуф зикр мекунанд, ки ҷавонони мусулмон, фарзандони миллати барӯманди тоҷик имрӯз дар баъзе кишварҳои исломӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, тариқи телевизион ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро дин ва мазҳаб меноманд, Имоми Аъзам муҷоҳид мегӯянд. Шиносномаҳои худро сӯзонида, аз Ватану миллат рӯй гардонидаанд. Он кирдорҳое, ки бо тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва хушдор дод, ки мо бояд бедор шавем, зеро имрӯз ба ҳамаи мо хатар таҳдид мекунад.
Сарвари давлат нахустин шуда, аз байни давлатҳои мусулмони олам аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид қотеъона иброз доштанд, ки терроризм ва экстремизм аз Ислом набуда, балки аз касоне аст, ки аз асли Ислом ва умуман дин дур ҳастанд. Ба ин Суханронии хеш Сарвари давлат на танҳо ба дифои мусулмонони тоҷик, балки мусалмонон ва диндорони тамоми дунё бархостанд. Боз гуфтанд, ки «Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини Ислом».
Имрӯз дар Сурияву Ироқ таҳти шиорҳои исломӣ аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон садҳо ҷавонон меҷанганд. Ин фиребхӯрдагон гумон доранд, ки дар роҳи Худо меҷанганд, бехабар аз он ки кайҳо мағзшӯй шудаву ғаразу манфиатҳои баъзе кишварҳои ғайримусулмонро пиёда месозанд. Ин гумроҳон гумон мекунанд, ки шаҳид мешаванд ва ба ин васила биҳишти ҷовидонро дар меёбанд. Аммо ҳамаи ин дурӯғ аст! Дар дини мубини Ислом қатлу ғорат, рехтани хуни ноҳақ қатъиян манъ аст. Ҳаргиз Паёмбар (с.ъ.в.с) умматони худро ба зулм раҳнамоӣ накардаанд, ягон тан аз саҳобагони киром чунин амалҳои террористӣ содир накардааст. Бинобар ин фирефтаи дурӯғу сафсата нашавед.
Фарзандонро даъват кунед, назорат кунед, ки бо роҳи рост раванд, бозичаи дасти душманони миллату дин нашаванд, зеро таҳти даъвату ишораҳои исломӣ макру ҳиллаи душманони дину миллат нуҳуфтааст.
Амалҳое, ки аз ҷониби террористон шуда истодааст ва ҳазорҳо тан ҷабрдида ба бор монд, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Дар ҳолати мушкилӣ ҳама одамон мисли як тананд, чун узве ба дард ояд, дигар узвҳоро бетараф намемонад. Ба қавли Саъдии бузург:

Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бобоҷонов Наҷмиддин – сокини ноҳияи Деваштич
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: