Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид аз Отряди сарҳадии «Панҷ»

Боздид аз Отряди сарҳадии «Панҷ»

18-08-2017, 14:09
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
18.08.2017 12:24, ноҳияи Панҷ
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити муҳайёгашта дар биноҳои нави замонавии Отряди сарҳадии “Панҷ”, ки мутобиқ ба меъёрҳои меъмории замони имрӯз бо сатҳу сифати баланд сохта шудаанд, шинос гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳоро дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои сарҳадбонон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.

Нахуст дар “Кохи ҷасорат” ба Сарвари давлат осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, дар он аз рӯи марҳилаҳои ташаккул то ба мукаммалгардонӣ расидани ин сипари боэътимоди миллӣ, ки имрӯз номи Қӯшунҳои сарҳадиро соҳиб аст, нишон дода шуд.

Дар ин бино ҳамчунин китобхона бо теъдоди зиёди адабиёти соҳавию бадеии чопӣ ва электронӣ ҷойгир буда, сарбозону афсарони отряди мазкур метавонанд бо истифода аз чунин имконият ба мутолиаи асарҳои илмию адабӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул шаванд.

Толори калону барҳавои ин кох, ки барои баргузории чорабиниҳои гуногун басо мувофиқ мебошад, дорои 350 ҷойи нишаст буда, аз лиҳози тарҳи меъморӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур бо мақсади таъмини сарбозону афсарони Отряди сарҳадии “Панҷ” бо либоси низомӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 30 нафар занон аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Таъкид гардид, ки дар ин коргоҳ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ дар як моҳ ҳазор ҷуфт либоси ҳарбӣ ва наздики 10 ҳазор болопӯши рахти хоб ва дигар намуди либос омода карда мешаванд. Дар асоси дастуру супориши бевоситаи Сарвари давлат дар оянда дар ин коргоҳ дӯхти либосҳои мактабӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар ин рӯз бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Отряди сарҳадии “Панҷ” як боғчаи бачагона, ки дар он барои кӯдакони хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии атрофи он беҳтарин шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин боғчаи бачагона барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ гардида, омӯзгорон ва мураббияҳо асосан аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбии отряди мазкур интихоб карда шудаанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои фарзандони ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд ва бо дарки ин масъулияти бузург аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносию вадандӯстӣ ба камол расонида, дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника онҳоро аз хурдӣ ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят намоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар ин боғчаи бачагона барои тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон маҳфилҳои гуногун амал намуда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам роҳу усулҳои нави таълим роҳандозӣ гардидаанд.

Бинои боғчаи бачагона дуошёна буда, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҷойи гузаронидани машғулиятҳо, хобгоҳҳои замонавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз толори муосири бозии кӯдакона дидан намуда, бунёди онро дар ташаккули зеҳнӣ ва таъмини истироҳату фароғати насли наврас муҳим маънидод карданд.

Дар ҳавлии ин боғчаи бачагона ҳамзамон як майдончаи муосири кӯдакона бунёд гардидааст, ки барои истироҳату фароғат ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани тарбиятгирандагони ин муассисаи томактабӣ нақши калон хоҳад дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳраки истиқоматии хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Панҷ” се майдончаи бозии кӯдакон, ҷойҳои истироҳату фароғат, айвонҳои болопӯшида, клуби тобистона, ҳавзи шиноварии замонавӣ, варзишгоҳ ва гулгаштҳои зебо бунёд гардидаанд.

Дар Отряди сарҳадии “Панҷ” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ барои афсарони отряди мазкур, ки имрӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба як зумра соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нафароне, ки соҳиби манзилҳои нав гардиданд, даъват ба амал оварданд, ки вазифа ва масъулияти бевоситаи худро дар назди давлату миллат содиқонаю софдилона иҷро карда, дар ҳифзи сарҳади кишвар ва музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол ҳамчун сипари боэътимод хизмат намоянд.

Биноҳои истиқоматӣ чорошёна буда, ҳар кадом дорои 48 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошанд.

Ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидаанд.

Оилаҳои афсарони Отряди сарҳадии “Панҷ” аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.

Таъкид шуд, ки чанд сол қабл биною иншооти шаҳраки истиқоматии хизматчиёни ҳарбӣ ва Отряди сарҳадии “Панҷ” харобу валангор буд. Бо таваҷҷуҳ ба беҳтар намудани шароити зист ва фаъолияти доимии хизматчиёни ҳарбӣ имрӯз ин мавзеъ ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст.

Сипас Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарони тоҷику рус, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷони худро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони шуҷои Отряди сарҳадии “Панҷ”, ки ба истиқболи меҳмони олимақом саф ороста буданд, баромад намуда, фарорасии ҷашни истиқлолияти давлатиро ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳиммоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- медалаи Ҷасорат, медали марзбони шуҷои Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Баъди супоридани мукофотҳои давлатӣ дар ҳузури Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии “Панҷ” расми гузашти низомӣ доир гардид.

Зимни боздид аз толори муосири варзишӣ таъкид шуд, ки таъмиру азнавсозии отряди сарҳадии “Панҷ” далели равшани таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ба ҳисоб меравад.

Дар отряди сарҳадии мазкур ҳамчунин бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат бинои афсарон, ошхона, ду бинои хобгоҳи сарбозон, ситоди қисми ҳарбӣ, клуби тобистона, меҳмонхона, клуби варзишӣ, ҳаммом, мошинсарой, нуқтаи тиббӣ, ду нуқтаи назорати гузаргоҳӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардиданд.

Хизматчиёни ҳарбӣ мегӯянд, дар даврони бесарусомониҳо аз ифрасохтори ба меросмондаи қисмҳои сарҳадии замони пешин нишонае боқӣ намонда буд, вале бо дастгириву тадбирҳои саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ куллан навсозӣ шуда, ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизматро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.

Маҳз хизмати арзандаву шароити вазнини сарҳадбононро ба инобат гирифта, давлату Ҳукумат барои дастгирии ҳамаҷонибаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла маблағгузории онҳоро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминоти техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ мустаҳкам гаштааст.

Дар ин рӯз ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон техникаҳои пуриқтидори зереҳпӯши ҷангию нақлиётӣ ва дигар намуди лавозимоти муосири ҳарбии истеҳсоли пешрафтатарин кишварҳои дунё, ки дар вақти ҳифзи сарҳади давлатӣ истифода мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иттилоъ доданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ 17 отряди сарҳадӣ, 9 комендатура, 152 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 4 маркази таълимӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин, садҳо километр хатҳои назоратӣ, роҳҳои мошингарди марзи сарҳади давлатӣ, манораҳои мушоҳидавӣ ва дигар иншооти муҳандисӣ барқарор гардиданд.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ ҷиҳати таҳкими минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти дахлдор 82 дидбонгоҳи иловагӣ таъсис дода шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: