Дар як шабонарӯз ду задухӯрди мусаллаҳона байни сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон ба амал омадааст5-07-2017, 09:14
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Шаби 3 ба 4-уми июли соли равон хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ҳангоми таъмини ҳифзи хати сарҳади давлатӣ дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ» кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани марзи давлатӣ ва интиқол додани маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев иттилоъ дод. «Аммо қочоқбарони афғон ба тирпаронии ҷавобии сарҳадбонон тоб наоварда, рӯ ба гурез ниҳоданд «Қочоқчиёни мусаллаҳи афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд», — хабар дод М. Улуғхоҷаев. ва ба ҳудуди Афғонистон фирор намуданд», — зикр кард сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ. Мувофиқи хабари расмӣ, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 16 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин шаби 3 ба 4- уми соли равон задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо гурӯҳи дигари қочоқбарони Афғонистон дар минтақаи марзбонии отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба қайд гирифта шудааст. «Гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон аз шиддати оташи ҷавобии сарҳадбонони тоҷик ақибнишинӣ карда, ба ҳудуди Афғонистон баргаштанд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбарони 30-35 солаи шахсияташон номаълум пайдо шуда, 4 кг маводи мухаддири навъи чарс, 1 кг маводи мухаддири навъи афюн, як адад телефони мобилӣ, як адад корди шикорӣ низ аз маҳали задухӯрди мусаллаҳона дарёфт ва мусодира карда шуд», — омадааст дар хабари расмии Маркази матуботи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. Вобаста ба ҳар ду ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳонаи сарҳадбонони Тоҷикистон бо қочоқбарони Афғонистон аз ҷониби муфаттишони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот оғоз карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон зиёда аз 1300 километр мебошад ва мураккабтарин минтақаи сарҳадӣ дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дониста шудааст. А. Сангзода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.