Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 14 августи соли 2017, № 16 бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанг ва либоси миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг»-и шаҳри Норак чорабинӣ оид ба шарҳу тавзеҳи тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон» инчунин ҷиҳати таҷлили 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни ташкилот баргузор гардид.
Гуруҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳрӣ оид ба аҳамияти таърихии қонуни мазкур суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фарҳанги ҳар як миллат- забон, либос, ҷашнҳо миллӣ буда, баёнгари симои ҳар як миллат аст. Моро зарур аст, ки зери таъсири ин қонун ба фарзандонамон, аҳли кормандонамон, ҷиҳати амалии ин қонун корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоем ва баҳри дар амал татбиқ намудани ин қонун саҳмгузор бошем. Кормандон оиди масъалаи мазкур фикрронӣ намуда, баҳри истиқболи 26-умин солгарди санаи муҳим омодагиҳо дида, бо натиҷаҳои назаррасӣ корӣ сазовор истиқбол хоҳанд гирифт.
Хаваскорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» бахшида ба таҷлили 26 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти идона ташкил карданд, ки бошандагони шаҳр, ҷавонону занон бо рақсҳои дилнишинашон «Шоми Истиқлол»-ро ҷаззобу дилчасп гардониданд.
Мудири шуъбаи таблиғотӣ,
муовини раиси ситоди марказӣ С.Зоиров