Хабар16-08-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии «Об манбаи ҳаёт” бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳову фарҳанги миллӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид. Шералӣ Зоиров, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар бораи накшу мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва заҳматҳои беандозаи Раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ҳарф зада, изҳор дошт, ки аъзои ин ҳизби бонуфузу созанда будан ифтихору масъулият аст. Ҷонибдорӣ аз ғояву сиёсати хирадмандона ва наҷиби он ҷонибдорӣ аз ободиву осудагӣ, сулҳу субот ва рушду тараққиёт аст. Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки музаффарияту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ низ саҳми бевоситаи Раҳбарияти ҳизб, аъзои фаъоли он ва тамоми мардуми Тоҷикистон аст, ки аз сиёсату барномаҳои он барои рушди тамоми самтҳост, ҷонибдорӣ намудаанд. Ш. Зоиров аъзои ҳизби ташкилотро ӯҳдадор намуд, ки дар самти таблиғу ташвиқи дастоварду корнамоиҳои ҲХДТ ва Ҳукумати мамлакат дар макону минтақаҳои худ бо зердастонашон саҳм гиранд. Дар фарҷом 5 нафарро дар ин муассиса ба узвияти ҳизб қабул намуданд. Чунин ҷамъомад дар ташкилотҳои ибтидоии “Меҳмонхонаи фарҳанг” ва “Манзилхадаматрасон”-и ноҳияи Фирдавсӣ низ доир гаштанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.