Дар Украина тангаҳои давраи Сомониён ёфт шуданд14-08-2017, 15:34
Хабарро хонданд: 140 нафар
Назарҳо: 0
Дар вилояти Суми Украина хазинаи хурде дарёфт гардид, ки дар он тангаҳои аҳди Сомониён маҳфуз буданд. Дар ин кишвар боқимондаҳои миёнбанди нуқрагин ва якчанд дирҳамҳои давлати Сомонӣ ёфт шуданд. Дар ин бора сомонаи klads.org хабар додааст. Тахмин меравад, ки тангаҳо дар халтачаи пулмоние, ки дар миёнбанди нуқрагин овезон буд, нигоҳ дошта мешуданд. Коршиносон мегӯянд, ки намунаҳои бозёфтҳои моддиву маънавии аҳди Сомонӣ дар хоки Украина ҳоло то ба ахир омӯхта нашудаанд ва шумораи онҳо хоҳад афзуд, чун муносиботи гуногунҷабҳаи ин давлати пешрафтаи аҷдодӣ бо мамолики Аврупо замони хеш дар ҳоли густариши қавӣ будааст. Давлати Сомониён-аввалин давлати тоҷикон аст, ки дар Шарқи Миёна аз соли 819 то соли 999 арзи вуҷуд дошт. Дар замони нашъунамояш он худудҳои муосири Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эронро дар бар мегирифт. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.