Дар Китобхонаи вилятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб вохӯрии китобдорони Китобхонаҳои вилоятӣ, роҳбарони муассисаҳои бахши фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва китобдорони китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб бо намояндагони шӯъбаи динӣ МИҲД-и ш.Кӯлоб оиди татбиқи Қонунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 июли соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10-солагии амали Қонунӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни баромадашон ба ду масъалаи ниҳоят муҳим - арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Шокирҷони Карим– намояндаи шуъбаи дини МИҲД-и ш.Кулоб - дар баромадашон оиди татбиқи нуқтаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», иқдомҳои пешгирифтаи хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Роҳбари давлатро ба ҳозирин маълумоти муфассал дода, иҷрои бандҳои алоҳидаи онро шарҳу эзоҳ доданд.
Роҳбарони муассисаҳо ва кормандони Китобхонаҳо зимни баромадҳояшон дар вохӯрӣ фикру андешаҳои худро оиди дуруст ба бар кардани сару либоси миллӣ, тарзи сухан гуфтан дар ҷашну маракаҳо бо забони нобӣ шевоӣ тоҷикӣ ва камхарҷ гузаронидани тую маркаҳо баён намуда, дар охир таклифу пешниҳодҳои худро барои ворид намудан ба Қонуни мазкур пешкаши намояндагони шуъбаи дини МИҲД-и ш.Кӯлоб гардониданд.
Директори Китобхонаи вилоятии
ба номи С. Айнии ш. Кӯлоб: Саймуҳаммад