“Роҳ ба сӯи мактаб”11-08-2017, 10:49
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Ташабусси хайриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Салимабону”-и шаҳри Исфара ҳама ҷониба дастгирӣ ёфт. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар ба истиқболи 10 солагии амали қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баён шудаанд ва ташабусси хайриявии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Роҳ ба сӯи мактаб” дар ҷамомади васеъи ташкилоти ибтидоии “Салимабону”-и шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтанд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов ва раиси шӯрои занон М. Алиматова ба ҳизбиён бобати масъалаҳои мубрами рӯз, сарфаю сариштакорӣ, маърифати оиладорӣ, тарбияи насли наврас дар заминаи анъана ва арзшҳои миллӣ, муқовимат ба равияҳои номатлуб изҳори ақида карданд. Аъоёни ташкилоти ибтидоӣ Исмадова Салима, Тураева Маҳбубава Қаландарова Маҳбуба зикр намуданд, ки ба туфайли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашнҳои расмӣ камхарҷ, замонавӣ гардида, кормандон дар баргузории маъракаҳои худ сарфакориву сарфаҷӯиро омӯхтанд. Ҳизбиёни коргоҳ дар партави иқдоми наҷибонаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ “Роҳ ба сӯи мактаб” ба 60 нафар толибилмони ниёзманд либосҳои мактаби тӯҳфа намуданд. Ташкилоти ибтидоии “Салимабону”, ки 30 нафар занонро муттаҳид кардааст дар пешбурди ҳаёти сиёсиву иҷтимоии шаҳр мақоми хоса дорад. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкорзани кордон Салимабону Исмадова соли 2014 таъсис дода шуда, занони хонашинро ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб кард. Бо мақсади саҳмгирӣ дар эҳёи ҳунарҳои халқӣ Салимабону нуқтаи омӯзиши қолинбофӣ, адрасу атласбофиро таъсис дода зиёда аз 80 нафар духтарони маҳаллиро соҳибкасб ва ба маҳалҳои атроф барои таъсиси нуқтаҳои истеҳсолии қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ ҳидоят намуд. Коргоҳи дӯзандагии “Салмабону”ҳамасола то ба 20 ҳазор нафар толибилмон ва омӯзгорон либос омода ва дастрас намуда, ба буҷаи шаҳр саҳми арзанда мегузорад. Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи “Салимабону” бозоргир буда, алҳол фурӯши он дар гӯшаю канори кишвар, ҳатто то Бадахшон доман паҳн кардааст. О.Аҳмадов ш.Исфара |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.