Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: Имрӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар борон меборад9-08-2017, 15:08
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 09.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 9 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр шуда, дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилояти Бадахшон гармии ҳаво шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад. Дар вилояти Хатлон гармии ҳаво дар водиҳо шабона 20-25 ва рӯзона 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳаво дар вилояти Суғд камбари бебориш гашта, шабона 18-23 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона ба 38-40 дараҷа мерасад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.