Агентии обуҳавошиносӣ: Имрӯз дар Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад4-08-2017, 14:50
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз 4 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон, раъду барқ ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ҳамин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят бошад гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 14-19 дараҷа мерасад. Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок буда, ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 30-35 дараҷа гармӣ пешгӯи мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Гармии ҳаво шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад. Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш буда, ҳарорат шабона 18-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил хоҳад дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.