ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА СИЁСАТИ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ8-08-2017, 09:37
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина титбиқ намудани нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шурӯъ аз оғози моҳи августи соли ҷорӣ чорабиниҳо ва мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудаистодааст. Бо ин мақсад дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Ворисони Сино»-и Маркази тиббии шаҳрӣ ба номи К.Ахмедов дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат» бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод -Муовини Раис – Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Муминов Абдумаҷид – мудири шуъбаи табли ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Сино вохӯрӣ бо аҳли кормандони марзкази мазкур баргузор гардид. Изатуллои Ҳабибзод-Муовини Раис-Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нахуст ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии ин ҷашни умумимиллӣ аз номи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе самимона табрик гуфт. Дар суханронии худ мавсуф қайд кард, ки бисту шаш сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Дар идома мавсуф таъкид кард, ки қабл аз ҳама, дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Тоҷикистон маҳз дар даврони Истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Аз рӯзҳои нахустини истиқлолияти давлатӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки барасари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонид, ки ҷони садҳо ҳазор ҷавонони ватандӯсту миллатдӯстро ба коми ҳалокат кашид ва шаҳрвандони кишварро берун аз ватани аҷдодии хеш кард. Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла шумо–ҳозирини гиромӣ, хуб огоҳед, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мамониату маҳрумият ва мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Хушбахтона ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолият на балки дар сатҳи хеш, инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ нуфузи хешро касб кардааст. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 15 нафар ҷавонони Маркази мазкур, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда ба сафи ҳизб шомил шудаанд дар ваъзъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд. Мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Ҷ.Нарзиқулов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.