Дар шаҳри Панҷакент Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот оғоз шуд5-08-2017, 11:30
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 05.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панчакент Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон оғоз ёфт. Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ хабар дод, дар чемпионати мазкур 24 нафар варзишгарон аз шаҳри Панҷакент, вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок мекунанд. Ба иттилои номбурда, дар шаҳри Панҷакент дастовардҳои ин бозии қадимӣ зиёд буда, борҳо дар ин шаҳр мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ гузаронида шудаанд. Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон то 13 август идома ёфта, ғолибони он бо медал, сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қадрдонӣ мешаванд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.