Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон

4-08-2017, 11:09
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва рафти кишту кор ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони шарафманд ва меҳнатқарини ноҳия бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти "Тахти Сангин" шинос шуда, ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияи мазкур дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Қубодиён аз кишти ҳамаи навъҳои ғалладонагиҳо маҳсулоти дилхоҳ ба даст овардаанд. Тибқи нишондод то 1 июли соли равон барзгарон аз майдони умумии 2 ҳазору 300 гектар зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ рӯёнидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо вазъи пахтакорӣ дар Хоҷагии деҳқонии Маҳмадӣ Полвон-и деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур соли равон дар майдони 6 гектар кишти пахтаи навъи "Тоҷикистон"-ро бо усули ҷадиди зери плёнка ба роҳ мондаанд. Истифодаи чунин усул имкон дод, ки деҳқонони ин хоҷагӣ дар ноҳия аввалин шуда, ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қубодиён дар масоҳати 7 ҳазору 510 гектар пахта кишт шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои пахта хуб буда, барзгарони ноҳия дар мавсими соли 2017 нақша доранд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 25-30 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Сарвари давлат инчунин бо рафти кишти такрорӣ дар Хоҷагии деҳқонии "Мӯсобобо" -и деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Дар заминҳои ин хоҷагӣ, ки масоҳати 5 гектарро дарбар мегирад, кишти зироати барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур 80 дарсади корҳои вобаста ба кишти такрориро аллакай ба анҷом расондаанд. Онҳо кишти зироати гуногун, ба монанди картошка, помидор, карам, пиёз, шолӣ ва навъҳои дигари сабзавотро дар маъракаи кишти такрорӣ ба роҳ мондаанд. Дар маҷмӯъ дар ноҳия дар майдони 2764 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст, ки 92 дарсади иҷрои дурнаморо дар бар мегирад.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти тайёри саноатӣ пешниҳод гардида буд. Яке аз корхонаҳое, ки имрӯз дар доираи барномаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Қубодиён фаъолият дорад, ин ҶДММ "Насими Раҳим" мебошад. Корхонаи мазкур дар намоишгоҳ 10 намуди консерва аз меваю сабзавотро ба намоиш гузошт.

Дар ноҳия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ васеъ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ "Ороиши диёр" аз ҷумлаи корхонаҳои истеҳсолие мебошад, ки аз семент ҳар гуна масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахтасангҳои ороишӣ тайёр мекунад. ҶСП "Аввалин" аз корхонаҳои бузургтарини ноҳияи Қубодиён ба шумор меравад, ки дар он ба воситаи коркарди решаи ширинбия доруҳои қиматбаҳои табобатӣ барои бемориҳои ҷигар ва кислотаи глисирринзин ҳосил менамоянд. Корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2010-ум бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар он аз навъи гиёҳи ширинбия дору ва аз пасмондаи он маҳсулоти сӯзишвории брикет тавлид карда мешавад.

Дигар самти хоҷагидорие, ки дар ноҳияи Қубодиён рушд кардааст, чорводорӣ мебошад. Дар ноҳия баробари чорвои калони шохдор парвариши моли майда ҳам ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ноҳия гӯсфандҳои зоти қароқулӣ ва ҳисорӣ васеъ парвариш карда мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Қубодиён саршумори моли майда 32 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 816 сар зиёд мебошад. Саршумори чорвои калони шохдор дар миқёси ноҳия ба 1 ҳазору 769 сар расидааст. Иҷрои дурнамои солонаи соҳаи чорводорӣ дар ноҳия 120 дарсад таъмин шудааст.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки аз замонҳои қадим кишоварзӣ пешаи боифтихор буда, соҳиби ин касб ризқофар ва ородиҳандаи дастурхони мардум ба ҳисоб мерафт. Имрӯз ҳам саҳми кишоварзону чорводорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум назаррас ва боиси таҳсин мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: