Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: аз 2 то 6 август дар кишвар ҳарорати ҳаво тадриҷан паст мегардад2-08-2017, 09:28
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 2.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шурӯъ аз 2 август то 6 август дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, пастшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 16-21, рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят гармии ҳаво шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 16-21 мерасад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ва раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 22-27 ва рӯзона 36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд боридани борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19-24 ва рӯзона 34-39 дараҷа мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво шабона 19-21 ва рӯзона 27-32 дараҷаро ташкил медиҳад. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ин гуна вазъи ҳаво то 6 август идома ёфта, баъд аз он боз баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.