Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҚУЛЛАПАЙМОИ ҚУЛЛАҲОИ РИЁЗИЁТ

ҚУЛЛАПАЙМОИ ҚУЛЛАҲОИ РИЁЗИЁТ

1-08-2017, 15:51
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
ҚУЛЛАПАЙМОИ ҚУЛЛАҲОИ РИЁЗИЁТ
ҚУЛЛАПАЙМОИ ҚУЛЛАҲОИ РИЁЗИЁТ
Мард, ки аз илм тавонгар бувад,
Кай назараш ба гуҳару зар бувад.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

26 июни соли равон ба зодрӯзи яке аз риёзидонони шинохтаи кишвар, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишманде, ки сазовори Ҷоиза ва дипломи байналмилалии “Springer Top Autor – 2015” гардидааст, профессор Мирганд Шабозович Шабозов 65 сол пур мешавад.
Академик Мирганд Шабозов аз қабили донишмандоне ба шумор меравад, ки ҳам дар илми риёзӣ муваффақ гардидаасту ҳам дар корҳои давлатдорӣ. Маҳз дониши васеъ, фурӯтанию хоксорӣ ва ботамкинию заковати баланд ва содиқию меҳанпарастиаш буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ - Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба вазифаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Раиси Кумитаи давлатии омор, ҷонишини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста, бо мукофотҳои давлатӣ тақдир намудааст.
Мирганд Шабозов аз қабили баъзеҳое, ки бо ҳар воситаю роҳ олим гардида, ҳар лаҳзаю ҳар соат сазовори аспи худситоиянду вале дар асл ба ибораи донишманди зиндаёд, профессор Фотеҳ Ҳакимов “слабак” мебошанд, мансуб набуда, дар илми риёзӣ бо қадамҳои устувор ворид гардида, ҳарчанд шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ худситоию манманӣ надорад. Балки бо тавозӯъ ва як тамкини хос ҳамсӯҳбати кас мегардад, ки ҳамсӯҳбат аз суҳбаташ ба ибораи халқӣ “сер” намешавад.
Фаъолияти асосии Мирганд Шабозовро мавзӯъҳои муҳими таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, аз ҷумла наздиккунии беҳтарини функсияҳои ҳақиқӣ ба воситаи бисёраъзогиҳои алгебравӣ ва трингонометрӣ, формулаҳои оптималии квадратурӣ, барқарор намудани қиматҳои операторҳо ва функсионалҳо аз рӯи ахбороти нопурра, масъалаҳои экстремалии назарияи наздиккунии беҳтарини функсияҳои комплексӣ ташкил медиҳанд.
Академик Мирганд Шабозов дар Тоҷикистон асосгузори равияи наве дар риёзиёти замонавӣ ба шумор меравад, ки мактаби илмии ӯ яке аз ҷавонтарин мактабҳои илмии соҳибшуҳрати даврони Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Мактаби илмии академик Мирганд Шабозов дар соҳаи риёзиёти муосир мактабест, ки ба тараққиёти техника ва технологияи ҳозиразамон сахт вобаста аст. Дар ин мактаб асосан масъалаҳои наздиккунии беҳтарини функсияҳои дар порчаи охирнок бефосила ба воситаи бисёрузваҳои тригонометрӣ ва алгебравӣ омӯхта шуда, татбиқи натиҷаҳои онҳо ба масъалаҳои муайян намудани хатогиҳои оптималии формулаҳои квадратурӣ ва кубатурӣ, ҳисоб намудани қутрҳои гуногун дар фазоҳои банахӣ ва муайян намудани методҳои беҳтарини наздиккунии функсияҳои дар соҳаҳои комплексӣ додашуда ба воситаи полиномҳои комплексӣ омӯхта мешаванд. Аз руи натиҷаҳои бадастовардашуда дар маҷаллаҳои академии бонуфузи хориҷа ва ИДМ зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, 4 монография нашр шудаанд, инчунин 2 рисолаи докторӣ ва 21 рисолаи номзадӣ бевосита бо роҳбарии академик Мирганд Шабозов ҳимоя карда шудаанд.
«Шояд ин чиз парадоксалӣ намояд, вале тамоми илми муосир ба идеяи наздиккунӣ сахт вобаста аст» – гуфта буд, яке аз бузургтарин намояндагони мантиқи асри ХХ олими немис Б.Рассел. Оре, дар ин гуфтаҳо ягон калима фавқуллода нест, зеро масъалаҳое, ки ногузир ба иваз намудани объектҳои мураккаб ба суммаи шумораи охирноки объектҳои омӯзишашон соддатар оварда мерасонанд, дар илми риёзӣ ҳаррӯза вомехӯранд. Аз ин ру омӯзиши чунин масъалаҳо ва муайян намудани методҳои оптималии ҳалли онҳо бо татбиқи натиҷаҳояш дар илмҳои гуногуни муосир аҳамияти муҳим дорад. Ногуфта намонад, ки траекторияи ҳаракати мушакҳои сунъӣ мувофиқи графики траекторияи сплайн-функсияҳои эрмитӣ дар кайҳон амалӣ мегардад, ки ин намунаи олитарин татбиқи масъалаҳои наздиккунии функсияҳо ба воситаи сплайн-полиномҳои қисман бефосила аст. Ҳанӯз дар солҳои 1976 – 1979 ҳангоми дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи математикии Академияи илмҳои Украина таҳсил намудан, Мирганд Шабозов ба омӯзиши чунин масъалаҳо шурӯъ карда буд. Моҳи сентябри соли 1980 дар Пажӯҳишгоҳи номбурда бомуваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Дар ин рисолаи номзадӣ бори аввал масъалаҳои наздиккунии функсияҳои бисёртағйирёбанда ба воситаи сплайнҳои эрмитии бисёртағйирёбанда омӯхта шуданд ва барои баъзе синфи функсияҳои бефосила натиҷаҳое ба даст оварда шуданд, ки дар маънои наздиккунии беҳтарин натиҷаҳои ниҳоӣ буданд.
Солҳои 1980 – 1993 устод Мирганд Шабозов дар факултети мехмати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият карда, дар пешбурди фаъолияти илмӣ ва педагогӣ ба натиҷаҳои назаррас соҳиб шуд. Сипас аз соли 1993 то 1996 дар докторантураи Пажӯҳишгоҳи математикии Академияи миллии Украина (ш. Киев) таҳсил намуда, моҳи январи соли 1996 рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст ва ба унвони доктори илмҳои физикаю риёзӣ соҳиб шуд. Силсилаи корҳои илмие, ки дар солҳои 1992 – 1996 дар маҷаллаҳои илмии Украина, Россия, Австрия, ШМА, Германия, Болгария, Венгрия нашр шудаанд, асосан ба муайян намудани қимати аниқи қутрҳои Колмогоров, Бернштейн ва Гелфанд бахшида шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин рисолаи доктории Мирганд Шабозов бори аввал қутрҳои номбурда дар соҳаи комплексӣ аниқтараш барои синфи функсияҳои дар давраи воҳидӣ аналитикӣ ҳисоб карда шудаанд. Ин масъала таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳангоми ҳисоб намудани қимати аниқи қутри колмогоровӣ барои функсияҳои тағйирёбандаи ҳақиқӣ академики Академияи илмҳои СССР А.Н.Колмогоров таъкид карда буд, ки масъалаи ҳисоб намудани қутрҳо барои функсияҳои дар соҳаи комплексӣ тағйирёбанда яке аз масъалаҳои мушкили назарияи функсияҳои комплексӣ мебошад. Дар солҳои минбаъда устод Шабозов тамоми қувваташро ба ҳалли ин масъала равона карда, аввалин шуда, қиматҳои аниқи қутрҳоро дар фазоҳои банахии Харди ва Бергман ҳисоб намуд ва ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Барои силсилаи корҳои илмиаш байни солҳои 2005 – 2015, ки фақат дар маљаллаҳои илмии Олмон зиёда аз 40 мақола ба забони англисӣ нашр намудааст, ӯ аввалин аз байни олимон – математикони мамлакатҳои муштарак-ул-манофеъ 12 июни соли 2015 ба Ҷоизаи Байналмилалии «Springer Top Author – 2015», ки аз тарафи Академияи илмҳои Олмон супурда мешавад, мушарраф гардид.
Дар баробари иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва педагогӣ устод М.Шабозов дар тарбияи шогирдон низ саҳми арзанда дорад. Имрӯзҳо қариб дар тамоми мактабҳои олии мамалакат шогирдони академик Мирганд Шабозов бо тамоми саъю кӯшиш кору фаъолият доранд. Қобили қайд аст, ки шогирдони ин мактаби илмӣ – доктори илмҳои физикаю математика , профессор М.Азизов дар Донишгоҳи педагогии ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Г.А.Юсупов, дотсентон: М.Р.Лангаршоев, М.Саидусайнов, М.Миркалонова дар факултети мехмати ДМТ фаъолона корҳои илмии устодашонро идома дода истодаанд.
Олими соҳаи математика, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев академик Мирганд Шабозов ходими ҷамъиятӣ ва арбоби давлатист: соли 2005 – Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид: аз он айём то имрӯз хидмати давлат ва халқро ба ҷой меоварад. Фаромӯш нашавад, ки Мирганд Шабозов дар шоҳроҳи илм низ мавқеъ ва эътибори хешро ба даст овард: моҳи ноябри соли 2001 аз рӯи ихтисоси математика узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аъзо-корреспондент) ва дар интихоботи соли 2008-ум (моҳи феврал) узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (академик) интихоб гардид.
Академик Мирганд Шабозов дар бисёр конференсияҳо ва конгрессҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои Олмон, Испания, Ҳиндустон, Фаронса, Швейтсария, Федератсияи Россия, Украина баргузор гардидаанд, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Ба наздики аз 4 то 16 июли соли 2016 академик М.Шабозов дар семинари байналмилали Рихард Курант дар шаҳри Принстон даъват шуда, доир ба «Проблемаҳои муосири наздиккунии функсияҳои комплексӣ» баромад намуд ва аз тарафи мутахассисони ин соҳа чун олими сермаҳсул баҳои сазовор гирифт.
Академик Мирганд Шабозов мутахассиси шинохтаи соҳаи математика, устоди илм ва мураббии соҳибмаърифат чандин шогирдонро ба камол расонидааст ва шогирдонаш кайҳост, ки ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ муваффақ ҳам гардидаанд. Шумораи шогирдоне, ки бевосита бо роҳбарии академик Мирганд Шабозов дар солҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд, хеле зиёданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки мактаби илмии академик Мирганд Шабозов дар саросари давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур шуҳратёр аст ва дар оянда низ шогирдони зиёди лаёқатмандро ба воя хоҳад расонд.

Докторони илмҳои физикаю математика,
профессорон Абдулҳай Комилӣ,
Ҷумъабой Сафаров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: