Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тарғиби қонуни танзим

Тарғиби қонуни танзим

27-07-2017, 11:03
Хабарро хонданд: 177 нафар
Назарҳо: 0
                    Тарғиби қонуни танзим
ДЕВАШТИЧ. Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешрафту шукуфонии ин ё он давлати муосир собит сохтааст, ки таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии онҳо бе иштироки фаъолонаи шаҳрвандони бо нангу номусу ватандӯсташ рӯйи кор наомадааст. Аз ин ҷост, ки даҳ сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбубамон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ташаббуси қонунгузории худ, бинобар дар дил парваридани меҳри самимӣ нисбат ба халқи тоҷик ва бо такя ба эҳсоси ватанпарастии сокинони диёрамон яке аз қонунҳои миллии моро мавриди амал қарор доданд.
Инак, пас аз давраи начандон тӯлонӣ ҳама шоҳид ҳастанд, ки то кадом дараҷа сатҳу сифати зиндагии мардум рӯй ба беҳбудӣ ниҳод, бегонапарастию хурофот ва зиёдаравию тақлидкорӣ, ки ҳам ба маънавиёту ҳам ба иқтисодиёти оила таъсири манфӣ мерасонид, бартараф гардида истодааст ва сокинон аз ҳисоби сарфаи маблағҳо иҷтимоиёти худ ва фарзандонашонро хуб намуда, дар пойдории анъанаву фарҳанги сирф миллӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Маҳз чунин дастовардҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии инфиродии оилаҳо буд, ки ба пешрафти мамлакат низ таъсири мусбӣ расонида, мардумро барои бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуд, ки ба ин омил таъсири манфиатбахши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бевосита аст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи муҳтавои асосии мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии кишвар доир ба таҷлили даҳсолагии қабули қонуни мазкур, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаю канори мамлакат корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда истодаанд, ки ноҳияи Деваштич низ аз ин иқдом дар канор нест.
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷиктелеком» мулоқот бо ҷомеаи меҳнатии нашрияи «Овози Ғончӣ», КДФОК ва матбааи ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба аҳамият ва нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бонуи ҷавону фаъоли ҳизб Нигора Почоева ва доир ба муҳтавои мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолони мамлакат доир ба 10 солагии қабули қонуни зикршуда Маҳбуба Ҷамолова — аъзои Кумитаи иҷроия маърӯза намуда, ба аҳли иштирокчиён маълумоти муфассал дода, бо факту далелҳо мисол оварданд, ки маҳз дар натиҷаи самараи мусбиву хуб додани амали қонуни миллӣ, имрӯз ҳар як аъзои хонадони бошарафи тоҷикистонӣ аз иқдомҳои мардумпарваронаи Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона миннатдор ҳастанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: