Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ

26-07-2017, 11:39
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ


ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ян Питер Олтерс мулоқот кард.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳр — DWSP2 мавриди баррасӣ қарор дошт.

Тарафҳо дар масъалаҳои таъминоти аҳолии шаҳри Душанбе бо оби босифати нӯшокӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар низоми обихроҷӣ дар тарҳрезии як қатор лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Иштирокдорони мулоқот ба саҳми Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Умумиҷаҳонӣ дар густариш ва таҳкими ҳамкорӣ баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки то имрӯз дар доираи кумакҳои молиявии ин ниҳод дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва дигар унсурҳои вобаста ба он корҳои зиёде ба анҷом расонда шудаанд. Дар вохӯрӣ дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: