Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бонки миллии Тоҷикистон: «Тангаҳои филизин ба муомилот бароварда мешаванд»

Бонки миллии Тоҷикистон: «Тангаҳои филизин ба муомилот бароварда мешаванд»

24-07-2017, 15:47
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Бонки миллии Тоҷикистон: «Тангаҳои филизин ба муомилот бароварда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ«Ховар»/. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар нимсолаи якуми соли 2017 дар ҳаҷми 24023, 8 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6,0 фоизро ташкил дод. Рушди иқтисодиёти кишвар асосан аз ҳисоби бахшҳои саноат 21,3 %, кишоварзӣ 6,4 % ва гардиши савдои чакана 3,6 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар ин давра 5,9 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба 6 моҳи соли гузашта 2,8 % зиёд мебошад. Таваррум дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоиши нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ 8,3 %, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,3% ва хизматрасониҳо 4,9 % ба вуҷуд омад. Ин нуктаро имрӯз муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Ҷ. Нуралиев зимни посух ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма зикр кард, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то 30 июни соли 2017 11,9 % коҳиш ёфтааст (дар ҳамин давраи соли 2016 он 10,8 % коҳиш ёфта буд). Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА дар ин давра ба андозаи 11,7 фоиз баланд шуд (дар шаш моҳи соли 2016 он 5,5 % афзоиш ёфта буд) ва фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА айни ҳол андозаи 0,6 %-ро ташкил медиҳад.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мутаносибан 737 адад ва 2985 ададро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи терминалҳои электронӣ 690 адад зиёд шудаанд.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба фарсуда будани пулҳои 1,3 ва 5 сомонӣ зикр карданд, ки дар ояндаи наздик ба ҷои онҳо тангаҳои филизин ба муомилот баоварда мешаванд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: