Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Олмон аз тағйирёбии сиёсаташ нисбати Туркия расман хабар дод

Олмон аз тағйирёбии сиёсаташ нисбати Туркия расман хабар дод

24-07-2017, 10:46
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Олмон аз тағйирёбии сиёсаташ нисбати Туркия расман хабар дод
Вазири корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэл дар бораи тағйирёбии сиёсати хориҷии Олмон нисбати Туркия хабар дод. Ба гуфтаи вай, ин қарор дар якҷоягӣ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Мартин Шултс қабул шудааст.
Ба гуфти Габриэл, Олмон ҳар иқдоми тезу тунди Анқараро бо умеди он ки мақомоти турк билохира тасмимҳои оқилона мегиранд, "оромона таҳаммул мекард". Аммо ҳар бор дар Берлин аз иқдомҳои Туркия "ноумед" мешуданд ва махсусан соли охир фарқкунанда буд.

Ба гуфтаи вазир, шартҳое, ки Олмон тибқи онҳо ба Туркия қарзҳои сармоявӣ ва кӯмаки иқтисодӣ мерасонад, бозбинӣ хоҳанд шуд. Ҳамзамон, ба гуфтаи вазир, бояд кӯмаки Иттиҳоди Аврупо дар доираи омодагии Туркия барои шомил шудан ба Иттиҳод бозбинӣ шаванд. Олмон дар ҳалли чунин масъалаҳо дар Иттиҳоди Аврупо соҳиби нуфузи зиёд аст.

Ба ҷуз инҳо, вазорати корҳои хориҷии Олмон машваратҳои амниятиашро ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Туркия раванд, шадидтар мекунад. Муносибатҳоро бо Туркия "мисли пешин густариш додан номумкин аст", - гуфт Габриэл. Боздошти шаҳрванди Олмон Петер Штойдтнер ва панҷ ҳомии ҳуқуқи дигар дар Туркия, ки мақомоти ин кишвар аз онҳо пуштибонони терроризм ном мебаранд, боиси вокуниши тунди вазири корҳои хориҷии Олмон шудааст.

Иброҳим Калин, сухангӯи президенти Туркия гуфт, "изҳороти вазири корҳои хориҷии Олмон ба аудиторияи дохилӣ равона шудааст ва ба наздикшавии интихобот дар он кишвар рабт дорад".
Ц.А.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: