Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аввалин падида дар ҳаёти фарҳангии вилояти Хатлон – нахустнамоиши филми «Асрори тақдир»

Аввалин падида дар ҳаёти фарҳангии вилояти Хатлон – нахустнамоиши филми «Асрори тақдир»

10-11-2015, 11:29
Хабарро хонданд: 412 нафар
Назарҳо: 0
Аввалин падида дар ҳаёти фарҳангии вилояти Хатлон – нахустнамоиши филми «Асрори тақдир»
Дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қӯрғонтеппа нахустнамоиши филми «Асрори тақдир» доир гардид. Коргардон-таҳиягари филми мазкур коргардони ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ, хатмкардаи шуъбаи кинорежисёрии Коллеҷи фарҳанги вилояти Новосибирски Федератсияи Россия бо як маҳорати баланд филмро таҳия намуда, ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбони Собир, ҳунарпешаи шоиста Назирмад Мусоев, аълочии фарҳанги Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Ҳоҷибоева, Зафари Валӣ дар нақши Зафар, донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода Марияна Баракбаева ва корманди Театри давлатии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ Наргиси Муҳаммадшариф даъват шуда, нақшҳои асосиро бозидаанд. Аз ҷониби тамошобинон филм бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Зимни намоиши филм ҳунармандонро сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон А.Ализода ба Қӯрғонтеппашаҳр хайра мақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи филм муборакбод намуд. Ба ҳунарманди ҷавону боистеъдод Зафари Валӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар оила, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, баланд бардоштани дониши ҷавонон, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ мебошад, баҳои баланд дода, Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон супорида шуд.
Инчунин ҳамаи ҳунармандони дар боло қайдгардида ва муаллифи сенария Хайрулло Давлатов, наворбардор – таҳиягар Қудратулло Бобоев ва соҳибкор-продюсер Исломиддини Убайдулло аз тарафи директори Раёсати кинои вилояти Хатлон Лутфия Роибова бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати кинои вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд кард, ки аз тарафи Зафари Валӣ боз як филми нави мазҳакавии «Хаёлӣ» рӯи навор омада истодааст, ки аллакай 70 фоизи он сабт шудааст ва дар ояндаи наздик он низ пешкаши мухлисон хоҳад гардид.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: