Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: «Муроҷиати шаҳрвандон бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шавад»14-07-2017, 08:49
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мулоқоти Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳукуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ аз ҷониби ҳар як корманд баррасӣ гардид. Аъзои Гурӯҳи корӣ ба кормандони корхона тавсия доданд, ки ҳангоми амалиёти бақайдгирӣ ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надода, фаъолияти кории худро аз рӯи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як вазорату идора ва ташкилоту муассиса, новобаста аз шакли моликият, бояд қабули шаҳрвандонро дар асоси тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, тибқи муҳлати муқарраргардида ба аризаю дархости онҳо ҷавоб гардонанд. Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи ихтисос ва собиқаи корӣ, ҷойивазкунии (ротатсия) кормандон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми қабули корманд ба кор, андешидани тадбирҳо дар вақти ба синни нафақа расидани корманд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар айни ҳол дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе 171 нафар кормандон аз рӯи басти корӣ ва 6 нафар тариқи шартнома бо ихтисосҳои заминсозӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, агрономӣ, менеҷмент ва андозбандӣ, муҳандис-сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳо фаъолият менамоянд. Бо назардошти таклифу пешниҳод ва эроду тавсияҳои дар ҷараёни мулоқот ба миён омада, роҳбарияти Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот манзур намояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.