Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДИАБЕТИ ҚАНД: НАМУД, НИШОНАҲО ВА ПЕШГИРИИ БЕМОР

ДИАБЕТИ ҚАНД: НАМУД, НИШОНАҲО ВА ПЕШГИРИИ БЕМОР

13-07-2017, 09:40
Хабарро хонданд: 596 нафар
Назарҳо: 0
 ДИАБЕТИ ҚАНД: НАМУД, НИШОНАҲО ВА ПЕШГИРИИ БЕМОР
Диабети қанд – ин бемории музминест, ки дар натиҷаи норасоии пурра ё нисбии гормони инсулин дар ғадуди зери меъда хуруҷ мекунад. Инсулин барои ба ҳуҷайраҳои организм бурда расонидани глюкоза зарур аст, ки дар навбати худ, ба хун аз озуқа дохил шуда, бофтаҳоро бо нерӯ таъмин менамояд. Ду намуди бемории диабети қанд вуҷуд дорад:
Диабети қанди навъи якум – ҳолатест, ки бо ягон сабаб бета-ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъда нобуд мешаванд. Азбаски маҳз ҳамин ҳуҷайраҳо инсулинро ҳосил менамоянд, нобудшавии онҳо ба норасоии мутлақи он оварда мерасонад. Чунин намуди диабет дар синни кудакӣ ё наврасӣ ошкор мегардад. Дар замони ҳозира хуруҷи диабети қанди навъи якумро асосан бо сирояти вирусӣ, кори нодурусти системаи иммунитет ва сабабҳои ирсӣ алоқаманд менамоянд.
Диабети қанди навъи дуюм, одатан пас аз 30-40-солагӣ дар одамоне рушд мекунад, ки вазни барзиёд доранд. Дар ин маврид, ғадуди зери меъда инсулин ҳолис мекунанд, аммо бо сабаби паст шудани ҳиссиёт ҳуҷайраҳо ба онҳо эътибор намедиҳанд, дар натиҷа, глюкоза ба бофтаҳо даромада натавониста, дар хун ҷамъ шудан мегирад. Ҳангоми диабети навъи дуюм, коркарди инсулин рафта-рафта кам мешавад, зеро сатҳи баланди глюкозаи хун ба нобудшавии ҳуҷайраҳое мерасонад, ки инсулин ҳосил менамоянд.
Нишонаҳои диабети қанд
Санҷиши одие вуҷуд дорад, ки дар ҳолати ҷавоби мусбӣ додан ба яке аз гуфтаҳои дар зер овардашуда, бояд ҳатман ба духтури эндокринолог муроҷиат кард:
1. Чӣ қадаре ки об нӯшед, ташнагиатонро шикаста наметавонед.
2. Нороҳатиро аз зуд-зуд пешоб омадан ҳис мекунед, хусусан ҳангоми фориғ аз макони зист.
3. Қатраи хушкшудаи пешоб дар либос доғи калони сафеде мегузорад, ки ба оҳор (крахмал) шабоҳат дорад.
4. Сустӣ ва хоболудӣ шуморо пахш мекунад.
5. Қобилияти биноӣ суст мешавад.
6. Ҳеҷ аз гармича халос шуда наметавонед.
7. Дар пӯсти хушк захму харошидагиҳо дер сиҳат мешаванд.
8. Бисёр мехӯрем, вале сершавиро ҳис намекунем.
9. Дар моҳҳои охир 3-5 кг вазн партофтаед, вале барои ин ягон кӯшиши иловагӣ накардаед.
Аммо бояд ба инобат гирифт, ки нишонаҳои анъанавии диабет, ба монанди ташнагӣ, хушкии даҳон, зиёдшавии пешоб, харобшавӣ на дар оғози беморӣ, балки дар ҳолате намоён мешаванд, ки норасоии ҷиддии инсулин зиёд мешавад. Барои ҳамин ҳам, тибқи ақидаҳои коршиносон, ба ҳар як бемори диабети ошкоршуда боз се-чор одаме рост меояд, ки оиди чунин бемориашон ҳатто гумон ҳам намекунанд.
Барои он ки саривақт муолиҷаро оғоз кард, ба ҳар як одами аз 45 сола боло зарур аст, ки соле як маротиба барои муайян намудани сатҳи глюкоза дар таркиби хун аз ташхис гузарад.
Пешгирии диабети қанд
Барои рушд накардани диабети қанд, хусусан навъи дуюми он, бояд хӯроки серғизоро маҳдуд намуд, ҷисман бисёр ҳаракат кард ва вазни баданро муътадил нигоҳ дошт. Чунин усул на танҳо барои одамони солиме, ки дорои яке аз омили хавф ҳастанд, балки барои бемороне натиҷаи хуб медиҳад, ки аллакай глюкоза дар организмашон хуб ҳал намешавад. Инчунин, барои диабети қанд парҳез нақши калонро дорад. Барои одаме, ки гирифтори ин беморӣ аст, интихоби маҳсулоти озуқавориро мисли чароғаки (нури) ҳаракати нақлиёт ба се ранг ҷудо намудан мумкин аст:
Ранги сурх- ин маҳсулоте мебошанд, ки ба зуд ба баланд шудани сатҳи глюкоза дар таркиби хун меоранд. Ба онҳо нони сафед, шириниҳо, оби ҷав, квас, нӯшокиҳои ташнашикани ширин, биринҷи сафед, картошкаи зирбонда ва дигар маҳсулоти равғаннок дохил мешаванд.
Ранги зард- ин гурӯҳи маҳсулот сатҳи глюкозаро на он қадар зуд баланд менамоянд, аз ин рӯ онҳоро бо андозаи кам бояд истеъмол намоянд. Инҳо - маҳсулоти нонӣ аз орди дурушт, лаблабу, сабзӣ, мавиз, ананас, банан, харбуза, зардолу ва картошка мебошанд.
Ба гурӯҳи ранги сабз карам, бодиринг, помидор, шарбати себ ва апелсин, олуча, нок, хӯриши сабз, маҳсулоти ширӣ, гӯшти ҷӯшондашуда ва моҳӣ дохил мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар бемории диабети қанд яке аз ҳолатҳои хатарнок гипергликемия, яъне паст шудани сатҳи глюкоза дар таркиби хун кам аз 2,8 ммол/л маҳсуб меёбад, ки асосан аз нодуруст ҳисоб кардани андоза ва истеъмоли зиёди доруҳои сатҳи глюкозаро пасткунанда рух медиҳад. Дар ин маврид, бояд аллакай аз рӯи нишонаҳои якуми гипергликемия (ҳиссиёти баланди гушнагӣ, арақи зиёди бадан, сустӣ, сарчархӣ) бетаъхир 20-30 г глюкозаи соф ё дигар маҳсулоти тезҳалшавандае истеъмол намуд, ки дар таркибаш глюкоза баланд аст. Аз ин рӯ, ҳар як бемори диабети қанд ҳангоми аз хона баромадан бояд бо худ 3-4 дона қанди сафед ва ё ягон шарбати мевагӣ дошта бошад.

Нигора Раҳимова , духтури оилавии МСШ №14-и ш.Душанбе







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: