Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дилшод Назаров маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд!

Дилшод Назаров маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд!

11-07-2017, 09:04
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Дилшод Назаров маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд!
Дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, Чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа Дилшод Назаров гурзро ба дурии 76 метру 69 сантиметр ҳаво дода, соҳиби медали тилло гардидааст. Мақоми дуюмро бо натиҷаи 73 метру 81 сантиметр Шизу Ванг аз Хитой ишғол кард. Медали биринҷиро бо натиҷаи 73 метру 77 сантиметр Ювунчул Ли аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд.

Иттилоъ дода мешавад, ки ин ягона медали тими Тоҷикистон дар ин чемпионат аст. 6 варзишгари дигари Тоҷикистон – Даврон Атабоев дар сабқати дав (масофаи 100 ва 400 метр), Кристина Пронженко (400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшо Исматов (800 метр), Алишер Пулотов, Азизҷон Абдуллоев (400 метр бо монеа) ва Григорий Дерепаскин (200 ва 400 метр) аз медалҳо маҳрум монданд. Танҳо Кристина Пронженко натиҷаи беҳтар нишон дод. Ӯ дар давидан ба масофаи 400 метр миёни занон бо натиҷаи 54,62 сония дар даври финалӣ мақоми шашумро ишғол кард.

Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро беҳтарин варзишгари минтақаи Осиё эълон кард. Ӯ солҳои 2009, 2013, 2015 низ Қаҳрамони Осиё гардидааст. Акнун Дилшод Назаров ба чемпионати ҷаҳон, ки 4-13 август дар Лондон (Британияи Кабир) баргузор мешавад, омодагӣ мебинад.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон бо як медали тилло дар чемпионати Осиё-2017 миёни 45 кишвар ҷойи 13-умро ишғол кард. Ҳиндустон бо 29 медал (12 тилло, 5 нуқра, 12 биринҷӣ) сазовори ҷойи аввал гардид. Варзишгарони Чин бо 20 медал (8, 7, 5) ҷойи дуюм ва Қазоқистон бо 8 медал (4, 2, 2) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: