Қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров ин шом ба Ватан баргашт27-08-2016, 08:30
Хабарро хонданд: 432 нафар
Назарҳо: 0
Соати 18.00-и бегоҳи имрӯз гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, чемпиони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба шаҳри Душанбе омад. Бояд зикр кард, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия 5 август шурӯъ шуданд, 21 август ба охир расиданд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио бо як медали тилло дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифта буд. Ӯ моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб кард ва ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро роҳхат гирифт. Хотиррасон менамоем, ки гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, чемпиони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), чемпиони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.