Шукронаи сулҳу субот намоем10-07-2017, 09:26
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кӯмаки моддӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои Барномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ҷониби Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беморон, шахсони яккаву танҳо, собиқадорони меҳнат мунтазам аёдат карда мешаванд. Рузи гузашта Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ба дидорбинии собиқадори меҳнат аз шаҳри Гулистон Санавбар Нуруллоева ва Саодат Бобоева — модари иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ аз шаҳри Хуҷанд рафта, маводи ниёзи аввал ва доруворӣ дастрас намуд. Дар навбати худ аёдатшудагон ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, шукронаи сулҳу суботро карда, аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.