Хизмат ба Ватан шараф аст5-11-2015, 13:52
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо мақсади мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, корҳои назаррасеро ба анҷом расонид.
Дар рафти маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, Комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб Назаров Дилмурод ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти суханронӣ Маҷидова Кенҷамо таъкид кард, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин нишони мардонагиву ҷасорат буда, аз ҳар яки мо зиракиву ҳушёриро талаб мекунад. Баъд аз суханронии муовини раиси шаҳр, Комиссари ҳарбии шаҳри Кӯлоб Назаров Дилмурод ба сухан баромада, қайд кард, ки бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бо дастгириҳои ҳукумати шаҳр ва тарғибу ташвиқи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар байни ҷавонон ва иҷрои нақшаи додашуда, ҷавонписарони шаҳру деҳоти Кӯлоб ихтиёран барои хизмат ба сафи артиши миллӣ шомил мешаванд. Воқеан ҳам боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мо дорои чунин ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсту меҳанпараст мебошем. Ҳамчунин ёдовар гашт, ки нақшаи иҷроиши имсолаи даъвати тирамоҳии сарбозон оиди сафарбаркунии ҷавонон ба хизмат 200 нафар буда, пурра иҷро гардид. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.