Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад6-07-2017, 14:41
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
ШАҲРИСТОН. Имруз дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси фаъолони ҳизб гузаронида шуд. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон оғоз намуда, оиди дастовардҳо ба ҳозирин ҳисобот дод. Дар музокира раиси ташкилоти ибтидоии «Чашмаи Шаҳристон» Каримова М. ва раиси ташкилоти ибтидоии «Ориёи» Рустамов О. баромад намуданд. Масъалаи рафти иҷроиши Обуна 2017 таҳлил карда шуда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоӣ муҳлати иҷрои нақшаи обуна то 1-уми сентябр муайян шуда, супориши мушаххас дода шуд. Инчунин гуруҳи вакилӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ташкил карда шуда, раиси он бо пешниҳоди раиси КИ ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии «Мадад» Исоев Бурҳон интихоб карда шуд. Чун аънана дар охири маҷлис ба 12 нафар собиқадорон туҳфаҳои хотира ва ба 30 нафар аъзои нав шаҳодатномаи ҳизбӣ супорид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.