Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд

Пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд

29-06-2017, 13:59
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дода шуд


ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон нахустин амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, шуъбаи пайванди мағзи устухон, ки дар рӯзҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин Марказ ба кор шурӯъ кард, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва умуман дар Осиёи Марказӣ нахустин буда, бо таҷҳизоти муосири пайвандсозӣ, ки истеҳсоли ИМА аст, муҷаҳҳаз гардонида шуд. Тавассути ин дастгоҳи махсус (спектр оптия) ҳуҷайраҳои бунёдие, ки аз бемор ё хешовандони ӯ гирифта мешаванд, барои муолиҷаи минбаъда ҷудо карда мешавад.

пайванди магзи сар 2Тавре директори Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмаҳмуд Исмоилзода зикр намуд, пайванди мағзи устухон нисбат ба пайвандҳои дигар аз ҷиҳати зеҳниву техникӣ хеле мураккаб аст, зеро барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ аз нафаре, ки бемории саратони хун, саратон ва омосҳои дигар дорад ба воситаи асбобҳои ҳозиразамон, ки арзиши хеле гарон доранд, гирифта мешавад. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгоҳ барои шуъбаи навтаъсис харидорӣ ва насб карда шуд.

Инчунин зикр гардид, ки нахустин пайванди мағзи устухон дар нафари гирифтори бемории миелома бомуваффақият гузаронида шуд. Чунин намуди амалиёт барои беморони гирифтори лейкозҳои шадид ва хроникӣ, лимфомаҳо, миеломаҳо ва анимияҳои хроникӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар айни замон ба нафароне, ки гирифтори чунин бемориҳо ҳастанд аз ҳуҷайраҳои худашон гирифта, ба онҳо пайванд мекунанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ин иқдом яке аз дастовардҳои воқеан чашмраси тибби тоҷик буд, ки дар натиҷаи фаъолияти якҷояи Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон бо мутахассисони варзидаи тоҷик, устодону профессорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар самти техникӣ, зеҳнӣ ва илмӣ ба даст омад. Ҳамзамон таҷрибаи хуби мутахассисони марказ, ки дар кишварҳои муттараққӣ чун Олмон, ИМА, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӣсломии Эрон ихтисоси худро такмил додаву таҷриба омӯхтанд, мусоидат намуд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон соли 2011 таъсис дода шуда, то имрӯз дар ин марказ аз тарафи мутахассисони тоҷик беш аз 350 амалиёти пайванди гурда ва 38 амалиёти пайванди ҷигар гузаронида шудаанд. Шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Лубнон ва Афғонистон дар ин марказ бомуваффақият ҷарроҳӣ карда шудаанд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: