Баргузории иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум29-06-2017, 13:15
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар кори иҷлосия аз 69-вакил 64-нафар иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори иҷлосия раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони соҳавии онҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, сохторҳои вилоятӣ, шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид. Рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум аз 10 масъала, аз ҷумла дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Исфисор №62”, оид ба Барномаи вилоятии “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ”, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои қонуният ва тартибот, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Масҷиди Сурх №5”, дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилии бархе аз вакилон, дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда, дар бораи ташкили комиссияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, оид ба номгузории физикиву ҷуғрофии бархе аз муассисаҳои шаҳру навоҳӣ ва тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят иборат буд. Аз рӯи масъалаи аввал дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Исфисор № 62” раиси комиссияи интихоботии вилояти Суғд Ғафурҷон Тоҳирӣ маърӯза намуд. Чуноне маълумот дода шуд, санаи 25-уми июни соли равон дар ҳавзаи интихоботии “Исфисор №62” интихобот ба таври озоду шаффоф баргузор шуда, бо гирифтани зиёда аз 86 фоизи овози раъйдиҳандагон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб гардид. Вакилони Маҷлиси вилоятӣ бо як овоз ваколати вакилии номбурдаро ҳамчун вакили маҷлиси вилоятӣ тасдиқ намуданд. Сипас, аз рӯи масъалаи дуввум оид ба тасдиқи барномаи вилоятии “Соли 2017-Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллода баромад намуд. Қайд карда шуд, ки мувофиқи пешбиниҳои Созмони Миллали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Маҳз ҳамин мушкилоти умумибашариро ба назар гирифта, дар сатҳи байналмилалӣ масъалаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таваҷҷӯҳи сарварони давлатҳои олам гузошта шуд ва инак чор ташаббус ва пешниҳоди Президенти кишвар оид ба масъалаи об аз ҷониби СММ ва мамалкатҳои олам пуштибонӣ ёфт. Таъкид гардид, ки давоми 10 соли охир 600 ҳазор нафар сокинони кишвар ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо намуда, 1,5 миллион нафар сокинон бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин гардиданд. Бо вуҷуди ин, айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11,5 дарсади аҳолӣ, аз ҷумла сокинони вилоят ба оби нӯшокии хушсифат дастрасӣ надоранд. Ин аст, ки бо мақсади пиёдасозии иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат дар самти дастарсӣ ба оби нӯшокӣ дар вилояти Суғд соли 2017 Соли дастарасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ эълон гардидааст. Бо мақсади татбиқи барномаи вилоятӣ гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳамаи шаҳраку деҳот дидан намуда, муайян намуданд, ки дар миқёси вилоят 235 деҳа, 2 шаҳрак, 41 маҳалла, ки дорои зиёда аз 651 ҳазор аҳолӣ мебошанд, дастрасии пурра ба оби тозаи нӯшокиро надоранд. Инчунин, муайян карда шуд, ки дар вилоят 4352 км хатҳои оби нӯшокӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо 1328 км таъмирталаб мебошанд. Ҳамчунин муовини Раиси вилоят таъкид дошт, ки бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишон дод, ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди деҳаю шаҳракҳо манбаҳои об, сохтмони хатти оби ошомиданӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои асосию байни маҳаллаҳо, хатҳои ташноб ва дигар иншооти ёрирасон бе нақшаи кулл таҳия гардидаанд, ки аз ин сабаб дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ пурра ҳалли худро наёфтааст. Мақсади асосии Барнома бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии вилоят ва ба ин васила пешгирии хуруҷи касалиҳои сирояткунанда ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад. Дар доираи татбиқи Барномаи вилоятии “Соли 2017 - Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” дар соли 2017 492 км хатҳои оби нӯшокӣ, аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуда, 48 адад ҳавзҳои захиравӣ ва 19 адад чоҳҳои амудӣ таъмир, 213,6 км хатҳои оби нӯшокӣ, 23 адад ҳавзҳои захиравӣ ва 31 адад чоҳҳои амудӣ сохта мешаванд. То имрӯз бо мабалағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомотҳои маҳаллӣ ва ҷалби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар вилоят як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. То санаи 16 июни соли равон 177,3 км қубурҳои обгузар, аз ҷумла 76 км аз таъмири асосӣ, 101,2 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Инчунин 174,4 км хатҳои нави оби нӯшокӣ, 4 адад ҳавзи нави захиравӣ сохта, 10 адад таъмир, 6 чоҳҳои амудӣ сохта ва 23 адад аз таъмир бароварда шуданд. Агар рафти татбиқи барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияиҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ карда шавад, пас дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Исфара, Бӯстон, Ашт, Шаҳристон, Айнӣ, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Гулистон, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Истиқлол кор дар ин самт беҳбудиро металабад. Сипас Раиси вилоят ба раисони шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки ҷиҳати таъминоти шаҳрвандон бо оби тозаи нӯшокӣ ва татбиқи саривақтии барномаи вилоятӣ чораандешӣ намоянд. Оид ба масъалаи баррасишаванда маърӯзаи чанде аз вакилони вилоятӣ, аз ҷумла, Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, Ғайбулло Боҳирӣ, Рухсора Давлатзода, Ҷӯразода Рустам, Умар Ёқубзода шунида шуд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки амалигардонии Барномаи вилоятии “Соли 2017-Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ” боиси беҳ гаштани ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншооти обистеҳсолкунӣ гашта, хароҷотҳои садамавии хатти оби нӯшокӣ кам, ҳаҷми обрасонӣ зиёд, сифати хизматрасонӣ беҳтар ва шумораи истифодабарандагон аз оби тозаи ошомиданӣ зиёд мегардад. Аз рӯи масъалаи саввуми рӯзнома қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ҷӯразода Ҷамшед суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мунтазам мулоқоту вохуриҳои судманд дар маҳалҳо ташкил ва баргузор карда шудааст. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар оянда ҳамкории вакилон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва мақомотҳои қудратӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишҳои сиёсии шаҳрвандон, таҳкими қонуният қавӣ карда шавад. Оид ба масъалаи мазкур вакилон қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Сипас ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Масҷиди сурх №5” Гулбаҳор Махкамова оид ба фаъолияти вакилиаш шунида шуд. Дар идомаи иҷлосия вакилон дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаҳои интихоботии “Навгилем №13”, “Зафаробод №49” ва “Деҳмой №58” ва ба ҷои онҳо таъин намудани интихобот қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Дар ин раванд ҳамчунин ҳайати комисиияи вилоятии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум иборат аз 9 нафар интихоб ва тасдиқ карда шуд. Аз рӯи масъалаи навбатии иҷлосия оид ба номгузории объектҳои физикиву ҷуғрофӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ маърӯза намуд. Ба баррасии вакилони вилоятӣ номгузории Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов, Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт ба номи Истамқул Ҳасанов ва МТМУ №69-и шаҳри Панҷакент ба номи Ҳаким Бозор пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон маъқул дониста шуд. Сипас вакилони вилоятӣ лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Панҷакент, маркази ноҳияи Айнӣ ва дигар шаҳракҳои алоҳидаи вилоятро қабул намуданд. Дар идомаи иҷлосия вакилони мардумӣ як қатор қарорҳои ба тасвибрасидаи Раиси вилоятро тасдиқ карданд. Дар ин замина бо қарори Раиси вилоят Хуршед Сатторзода Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят ва Сӯҳроб Рустамзода мудири шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин гардиданд. Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ хотима бахшид. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.