Иҷлосия дар ноҳияи Деваштич27-04-2017, 15:00
Хабарро хонданд: 313 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич, даъвати панҷум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ, Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам Боймурод дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид. Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед, муовинони Раиси ноҳия, вакилони Маҷлиси халқи ноҳия, мудирони шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, идораҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва табобатии ноҳия, раисони хоҷагиҳои кишоварзӣ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва имом хатибони масҷидҳои ҷомеаи ноҳия иштирок доштанд. Иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқ Ҷӯразода Рустам Боймурод ифтитоҳ намуд. Вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии «Муҷун №14» Т.Ҷумъаев, «зарнисор №13» Б.Абдуллоев ва «Басманда №26» И.Раҷабов ба котиботи Иҷлосия интихоб шуданд. Пас аз тасдиқи рӯзнома, аз рӯйи масъалаи якум дар бораи таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 02,09,2010 «Дар бораи татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар ноҳия муовини раиси ноҳия Ғиёсиддинзода Бунафша маърӯза намуда, қайд кард, ки ҷиҳати татбиқи нуқтаҳои санади мазкур дар ноҳия корҳои муайяне ба сомон расонида, тайи солҳои сипаришуда дар ноҳия, индикаторҳои механизми татбиқи Стратегия иҷрои 27 индикатор аз 37 индикатори барои солҳои 2010-2015 ҷиҳати татбиқ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои маҳалии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ пешбинишудаи Стратегияи миллии солимии аҳолӣ, ба монанди таҳкими саломатии модарон, тифлони навзод, кӯдакон ва наврасон, пешгирӣ ва беҳдошти бемориҳои сироятӣ, рушди илм ва технологияи информатсионӣ, равнақи заминаи молиявии ҳифзи саломатии омма таъмин гардид. Қайд карда шуд, ки соли равон барои соҳаи тандурустии ноҳия 13 миллиону 180 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҳамчунин аз рӯйи масъалаи мазкур муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Каромат Саидова, Раиси Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Н.Носиров, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳия Н.Маҳмадалиев ва мененҷери Кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии Г.Баротова ба музокира баромада оиди дастоварду камбудиҳои соҳа ибрози андеша намуданд. Аз рӯйи масъалаи дуюм ҳисоботи раиси комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва буҷети Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Деваштич Ҳ.Қулдошов шунида шуд. Вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси Вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Қалъаи Эшон» №10 М.Ғайбуллоева оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида ба маълумот гирифтанд. Дар Иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд Умарзода Ҷамшед ба сухан баромада доири рӯзномаи асосии иҷлосия ва дигар масъалаҳои ҳалталабу мубрами рӯз, ки аз вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҳарф зада аз дастовардҳоизҳори қаноатмандӣ намуд ва барои ислоҳи камудиҳои мавҷуда ба масъулин маслиҳату дастурҳои муфид дод.. Дар охир Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода бо вазифагузориҳои навбатӣ ва ва бо тасдиқи қарорҳои дахлдор кори иҷлосияро хотима бахшид. Лоиқ Тӯйчиев ноҳияи Деваштич.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.