ҶАВОНОН12-06-2017, 11:38
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи ташаккули ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷавҳари ҳастӣ ва рушду такомули ҳар миллат аз фарзандони фарзонаю ҷонфидои он вобаста аст. Дар ин замина бо ифтихори бузург ва саодату иқболи баланд модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихӣ фарзандони фарзонаро ба дунё овардааст, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллати худро устувору ҷовидонӣ намуданд. Ҷавонӣ маҷроест пуртуғён , хаёлест пур аз шодиву фараҳ , лабрез аз розу ниёз, меҳру муҳаббат ва орзуву нишоти ширин. Дар ҷавонӣ илм омӯхтан ҳамчун нақшест дар санг. Ин гуфтаҳоро аксари ҷавонони кишвар дарк карда, мекӯшанд, ки аз илмҳои замона бештар бархурдор бошанд ва онро дар амал татбиқ намоянд. Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар давлату миллат дар ҳар давру замон бо ҷавонони худ умеди ояндаи некро мекунад. Умуман, ҷавонон бо қувваи бузурги худ дар маркази ҳамагуна тағйиротҳову таҳаввулоти ҷиддӣ қарор мегиранд. Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки аксари аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад. Ҷавонон нерӯ ва тавоноии бузурги созандагӣ, эҷодкорӣ ва навовариро доро буда, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон бори дигар аз таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ ба ин қишри ҳаётан муҳим гувоҳӣ медиҳад. Ин иқдом барои ҷавонон дар ҷодаи илмомӯзиву кору фаъолият шавқу ғайрати дубора мебахшад. Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат , мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду ташвккули ҷавонон – ҳамчун сарвари миллӣ, нерӯи тавонои созанда ва як рукни инкишофи ояндаи кишвар хеле бузург аст. Хушбахтона ташаккули фитрӣ ва ақлонии маънавии солим, бахусус бедории ҳисси ватандориву қобилияти донишандӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бедордилӣ ва маърифати созандаи ҷавонон имрӯз зиёдтар нисбат ба дирӯз аст. Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои ҷавонони кишвар ҳамчун роҳнамо ва ҳидояткунанда барои дастёбӣ ба роҳу усулҳои муосир дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, тандурустӣ, баланд гардидани маънавиёт, маърифатнокӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим пазируфта шуд. Дар Паёми имсола масъалаи бо кор таъмин кардани ҷавонон, ҳамзамон ба донишҳои замон фаро гирифтани онҳо муҳим арзёбӣ гардид. Дар воқеъ таълиму тарбия барои шахси ҷавон ҳамчун ғизои асосии маънавӣ ба шумор рафта, камбудӣ ва ё норасоии он ба нокомию ногувории ҳаёти шахсӣ метавонад боис гардад. Зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба монанди терроризму экстромизм, ки хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст, дар Паёми имсола васеъ баррасӣ шуда, тарбияи ҷавонони солим ва муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуб муҳим арзёбӣ гардид. Зимни ироаи Паём Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин нуқтаҳои ҳаётан муҳимро нисбат ба ҷавонон қайд намуданд Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиклоли Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд ва ба Модар--Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, рӯҳияи озодихоҳӣ, ватанпарварӣ, ифтихори миллии мо-ҷавонони хуштолеи диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиклолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии миллати хеш бирасем. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавонон, ҷалби онҳо ба маҳфилҳои илмиву озмунҳои фаннӣ, дастгирӣ ёфтани соҳибистеъдодҳо, навҷӯиву навоварӣ, ихтироъкориву кашшофӣ , интихоби роҳи дуруст ва касбу ҳунар, ташаккули нерӯи зеҳнии дорои ҷанбаи эҷодӣ, илмӣ ва навҷӯӣ дошта, муҳайё сохтани фазои мусоиди иҷтимои ва амсоли инҳо тадбирҳое мебошанд, ки ҷиҳати амалӣ шудани он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Мутафаккири барҷаста Ҳусайн Воизи Кошифӣ чунин фармудааст ‘’Омӯхтани илм, махсусан пайвастагии илму амал мухимтарин рукни ахлоқиву фалсафии ҷавонмардон аст.’’ Дар тамоми мулоқоту вохӯри ва машварату суханрониҳои Сарвари давлат пайваста ба тарбияи ҷавонон, ки падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равонӣ, педагогӣ ва сиёсӣ буда, барои танзими ҳаёти ҷавонон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Пешвои миллат ба рушду ташаккули тафаккури маънавӣ, ба мазмуни тарбияи миллӣ ва унсурҳои таркибии он, ба бархурдории ҷавонон аз васоитҳои муосири илмиву техникӣ , баҳрабардорӣ аз бартариҳои низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ , ҷалби онҳо ба марказҳои инноватсионӣ , дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эътимод ба арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон диққати махсус медиҳанд. Бо назардошти он ки тарбия , махсусан унсурҳои тарбияи он аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқаддамтару муҳим аст, дар навбати аввал ’’ Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон’’ ҳамчун санади роҳнамо қабул карда шуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонони хушахлоқу солимфикр, ватанпарвару масъулиятшинос аст. Воқеан таваҷҷуҳ ба рушди ҷавонон махсусан ба таълим ва тарбияи онҳо хушоянд аст. Дар заминаи ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла андозаи стипендияи Президенти мамлакат барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 4 маротиба зиёд карда шуда, теъдодаш ба сесад адад расонида шуд. Ҷиҳати таъмини ноҳияҳои дурдасти кишвар бо мутахассисон, теъдоди ҷавонписарону ҷавондухтарони тибқи квотаи Президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ таҳсилкунанда ду маротиба зиёд карда шуд. Барои таъмини донишҷӯёни эҳтиёҷманд бо хобгоҳ, шароити мусоиди таълим ва барои аспирантон хобгоҳҳои ҷавобгӯи замон омода карда шуд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо марказҳои ҷавонон ва дар назди шуъбаву раёсатҳои маориф марказҳои эҷодии кӯдакон , ки ба тарбияи беруназмактабӣ машғуланд, таъсис ёфта, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд . Ҷихати дастгирии ҷавонони лаёқатманд ки аз ҳисоби маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷа фиристода мешаванд, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ‘’Дурахшандагон’’ тавассути Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байнанмиллалӣ таъсис дода шуд. Муассисаи мазкур ҳар сол ҷавононро вобаста ба эҳтиёҷоти ҷумҳурҳӣ барои соҳибихтисос гардидан ва ё коромӯзиву такмили ихтисос ба муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар мефиристад. Дар ҷавоб ба ин ҳамаи ғамхориҳои президенту ҳукумати кишвар мо омӯзгорони кишвар тамоми қувваю нерӯи худро баҳри омӯзонидани илмҳои замона ва касбу ҳунар ба ҷавонон сарф намуда, ба халқу Ватани азизи худ содиқона хизмат намуда, ҳамаи арзишҳо ва муқаддасоти миллии худро ҳифз менамоем ва онро ба наслҳои оянда бегазанд мерос мегузорем. Н. Шамсова |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.