Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР ШИРКАТИ ВАТАНӢ–ҶСП “ФАРОЗ” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД.

ДАР ШИРКАТИ ВАТАНӢ–ҶСП “ФАРОЗ” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД.

21-06-2017, 11:23
Хабарро хонданд: 581 нафар
Назарҳо: 0
ДАР ШИРКАТИ ВАТАНӢ–ҶСП “ФАРОЗ”  ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ТАЪСИС ДОДА ШУД.

Дар Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Фароз”маҷлиси нахустини муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.
Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶСП “Фароз”-ро Зияев Исматулло Ҳикматуллоевич-муовини директори генералии ҶСП “Фароз” ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аҳли кормандони ҶСП “Фароз” ҳамеша аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда, дар партави ғамхории бевоситаи он фаъолият дорем. Ҳамчунин ёдовар шуд, ки имрўз бо мақсади дастгирӣ аз сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мо кормандон тасмим гирифтем, ки дар назди ҶСП “Фароз”, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис диҳем.
Сипас, аз рўи рўзномаҳои маҷлис оиди қабул ба сафи ҲХДТ, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раис, муовин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Изатуллои Ҳабибзод муовини раис- роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад намуда, ёдовар шуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи ҲХДТ дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва ё зиёда аз он ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода мешавад. Ҳамчунин ў ёдовар шуд, ки имрўз хушбахтона як қаторкормандони ҶСП “Фароз” дар асоси аризаи шахсиашон ва иродаи сиёсиашон муайян намуда ба сафи ҲХДТ шомил шуданд. Ин имконият медиҳад, ки дар ҶСП “Фароз” ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шавад.
Нахуст ба як қатор кормандони ҶСП “Фароз”, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда ба сафи ҲХДТ шомил шуда буданд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Сипас номи ташкилот бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳамагон «Фароз» номгузорӣ карда шуд. Ҳамчунин аъзои ҳизби ташкилоти мазкур оиди интихоби раис, муовин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баромад намуда, пешниҳод намуданд, ки Соҳибов Шамсулло Маҳмадуллоевич-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фароз», Зияев Исматулло Ҳикматуллоевич-муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Ширинбеков Садриддин Авазбекович- котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шаванд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳамагон ҷонибдорӣ карда шуд ва оиди ин масъала қарор қабул гардид.
Роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фароз” дар кори маҷлиси муассисон иброз доштанд, ки дар оянда мо кӯшиш менамоем, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии намунавӣ бошем ва баҳри амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем, то ки нуфузи ҳизбамон ва ташкилоти ибтидоии ҳизбиамон дар ноҳия боз ҳам бештар гардад.
Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фароз” Изатуллои Ҳабибзод Муовини Раис- Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созанда дар амалӣ намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Дар идома гуфта шуд, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар сафҳои худ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф мекунанд, муттаҳид намудааст. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фароз”ҳамчун аъзои фаъол ва содиқи ҳизб хоҳанд шуд вас адоқати худро баҳри соҳибистиқлолии кишвар ва ваҳдати сартосарии ҷомеаи Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона хоҳанд намуд.



Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: