“Тоҷикон дар оинаи таърих”-омӯзиш идома дорад16-06-2017, 09:44
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳафтаи равон корҳои таблиғотиро дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметан роҳандозӣ менамояд. Рӯзи гузашта дар деҳаи Мадмии ноҳияи Айнӣ омӯзиши китоби номбурда, дар байни аъзоён ва тарафдорон ба роҳ монда шуд. Дар вохӯриҳо аз таърихи нахустини давлату давлатдории тоҷикон, аз таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, эҳтироми суннатҳои миллӣ , ватандӯстӣ ва худшиносӣ гуфтугузор карда шуд. Ҳамзамон дар вохӯрӣ омӯзгорони фанни таърихи МТМУ №20 деҳаи Мадми низ иштирок доштанд ва дар доираи мавзӯи зикршуда ибрози ақида намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.