Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аксияи омузиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”

Аксияи омузиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”

16-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 475 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи омузиши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”
Бо мақсади иҷроиши вазифагузории КИМ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба гузаронидани аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - “Тоҷикон дар оинаи таърих” дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ташкилоту корхонаҳои шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба ҳамаи ТИ маводи лозимаро дар бораи ин китоби нодир дастрас намуд. Мавод иборат аз мавзӯъҳои “Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият” ва “Тоҷикон дар оинаи таърих” буд. Барои гузаронидани ин аксия омӯзгорони фанни таърихи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр сафарбар карда шуда истодаанд.

Дар Ташкилотҳои калонтарини ҳизбӣ дар корхонаҳои “Апрелевка”, “Шабакаҳои барқи Суғд”, “Нерӯгоҳи барқи обии Гулистон”, “Беморхонаи марказӣ”, “Маркази саломатӣ”, “Шаҳраки Адрасмон” ва “Қолинҳои Қайроққум” соатҳои сиёсӣ дар мавзӯи мазкур гузаронида шуд. Дар соати сиёсии Ташкилоти ибтидоии “Қолинҳои Қайроққум” раиси КИ Қосимова К.М баромад намуда, қайд кард, ки китоб аз чор китоб иборат буда, ҳар кадоме давраи муайяни давлатдории тоҷиконро муаррифӣ менамояд. Дар баромад иқтибос аз китоб оварда шуда, қайд гардид, ки дар натиҷаи омӯзишҳои зиёд олимону таърихшиносон ва мутафаккирони тоҷик ба чунин хулоса омада гуфтаанд, ки “Давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест, зеро халқи тоҷик то аҳди Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин тарҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст”. Аксия давом дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: