Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)

16-06-2017, 08:33
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)

15 июни соли 2017 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ дар Арманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (“Technology and Science Dynamics”) ташриф оварданд.

Дар ин ҷо меҳмони олимақом, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хос истиқбол гирифта, бо фаъолият ва дастовардҳои ширкат дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ шинос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири илмӣ соли 1998 дар минтақаи озоди иқтисодии Арманистон таъсис ёфтааст. Он бо тадқиқотчиён, докторони илмҳои тиббӣ, номзадҳои илм, 27 ташкилоти академӣ, тиҷоратӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳамкории пурсамар дошта, корҳои тадқиқотию барномасозиро анҷом медиҳад.

Коргарону мутахассисон ва барномасозон дар бахшҳои муҳандисию технологӣ, биомуҳандисӣ, бахши судӣ-илмӣ, иктишофӣ, коркард ва тарҳрезии барномаҳои мухталиф, илмҳои компютерӣ ва дар соҳаи маориф ба тадқиқот машғул мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо дастовардҳои ин маркази иттилоотию коммуникатсионӣ дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву таманниёти нек соядаст гузоштанд.


Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Ширкати “Технолоҷӣ энд сайенс динамикс” (Technology and Science Dynamics)
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: