Сафари расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон14-06-2017, 16:52
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 14.06.2017 Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арманистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, вазирони рушди иқтисод, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, Прокурори генералӣ, Президенти Академияи илмҳо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардори Хадамоти алоқа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.