Оғози сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия2-12-2016, 13:59
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
Субҳи рӯзи 1-уми декабри соли равон муқарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия ташриф оварданд дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд. Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Чехия ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд. Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат Фармондеҳи горди фахрии Чехия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Чехияро ба ҷо оварда баъдан бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд. Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия бо нияту орзуҳои неки дӯстона дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.