Баргузории соатҳои сиёсӣ14-06-2017, 09:09
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
АШТ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чораҳои амалӣ андешида, баргузории «Соати сиёсӣ» дар ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин мавзӯъ бамаротиб ҷараён дорад. Рӯзи гузашта дар ташкилоти ибтидоии ҶСК «Кони намак» бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Нурматов О. «Соати сиёсӣ» таҳти мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти таърихии он» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аъзоёни ҲХДТ ташкилоти ибтидоии муассиса ширкат варзиданд. Чорабиниро раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби ноҳия Мадаминова М. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Нурматов О. бобати эълон гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, аҳамияти таърихии он, дастовардҳои ин давра ва омӯзиши мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи пурмӯҳтаво пешкаши ҳозирин намуд. Сипас ҷонишини раиси ташкилоти ибтидоӣ Равзалиев З. дар бобати фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ, ташкили сӯҳбатҳо бо кормандон ва татбиқи ғояҳои ҳизбамон суханронӣ намуд. Баргузории «Соати сиёсӣ» дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома хоҳанд ёфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.