Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Танзими маъракаҳо баракати хонадон

Танзими маъракаҳо баракати хонадон

14-06-2017, 08:48
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Танзими маъракаҳо баракати хонадон
ПАНҶАКЕНТ. Ба муносибати 10 солагии қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Танзими маъракаҳо баракати хонадон» Мизи мудавари телевизионӣ доир гардид. Дар мизи мудаввар Шодиев Саид- мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Абдуллоева Раъно- муовини сардухтури беморхонаи марказии шаҳр, Икромова Шоира- корманди шуъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, Юсуфова Маҳбуба – корманди шуъбаи кор бо занон ва оила, Ғафоров Маҳмадамин сархатиби масҷиди марказии шаҳр, кормандони кумиҷроия, фаъолони ҳизб, аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҳизб, омӯзгорони собиқадор, раисон ва сармутахасисон оид ба корҳои дини Ҷамоатҳои деҳот иштирок доштанд. Мизи мудаварро раиси кумитаи иҷроия М. Шукурзода оғоз бахшида қайд намуд, ки аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Ташаббускори қабул гардидани ин қонун бевосита худи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда то ин муддат оид ба беҳдошти зиндагонии мардум ва камхарҷу замонавӣ доир гардидани тӯю маъракаҳо ва маросимҳои мардумӣ натиҷаи хуб ба бор овард. Ин иқдом доир ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як санади хеле муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Мақсад аз қабул гардидани қонун рӯ овардан ба анъана ва расму оинҳои неки миллиамон буд. То қабул гардидани қонун ба таркиби тую маъракаҳои мо бо ҳар роҳу восита анъанаҳои нодаркор ва расму оинҳои зараровар ворид гардида ба мардум вазниниҳо пеш оварданд. Тӯю маъракаҳо ва маросимҳо серхарҷ ба иқтисодиёти оила ва маънавияти хонадон зиёновар баданд. Пас аз туйҳои пурдабдаба бисёр ҷавонон қарздор шуда, баҳсу таънаҳо боиси ҷанголи оилавӣ байни арӯсу хушдоман ва дигар наздикон ва вайроншавиҳо оилаҳо мегардид. Дар муддати 10 сол ба ҳамаи ин бенизомиҳо Қонуни мазкур хотима гузошт. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ ба муносибати 10 солагии қабул гардидани қонуни мазкур дар байни мардум омӯзиши афкори умум идома дорад. Бинобар он кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифт, ки имрӯз дар ин мавзӯи муҳими рӯз мизи мудаввари телевизионӣ ташкил намуда фикру андешаҳои мардумро дар ин бора шунавад. Дар мизи мудавар оид ба бобҳои алоҳидаи қонун мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот Лутфуллоев Бурсӣ ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи шаҳр Шодиев Саид сухан ронданд. Дар мулоқот оид ба иҷрои талаботи моддаҳои қонун ва такмил додани ин санади муҳими иҷтимоӣ андешаҳои раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Холова Ҳамида, муовини сардухтури шаҳр Абдуллоева Раъно, сархатиби масҷиди марказии шаҳр Ғафоров Муҳаммадамин, собиқадорони меҳнат Бобоев Раҳмон, Ҷалилова Луъбат, Баротова Фирӯза ва Сангинов Ҷумъабоӣ, ҳуқуқшинос Эсоева Дилфуза, корманди шуъбаи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ Икромова Шоира ва раиси маҳаллаи Зардолузори шаҳр Қурбонов Муталиб шунида шуд. Дар мизи мудавар раиси кумиҷроия Мурод Шукурзода оид ба ҷудошавии барзиёди оилаҳои ҷавон, ҷиҳози барзиёд дар сандуқи арӯс, талоқдиҳӣ ба воситаи телефон ва Боварихат, номгузориҳои бемаъно ва нодуруст, мавҷуд будани хайротдиҳӣ дар баъзе минтақаҳои шаҳр ва деҳот, хароҷотҳои беҳуда дар маросими гавҳорабандон, шомилшавии ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бетарафии падару модарон дар амалӣ намудани қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи аз ҳад зиёди телефонии мобилӣ аз ҷониби ноболиғон ва наврасон, беназоратии фарзандон аз ҷониби волидайн ва рафтани ноболиғон ба марказҳои дилхушии шабона, мавҷудияти никоҳи хешутаборӣ, саривақт нагузаштани навхонадорон аз муоинаи тиббӣ ва оқибатҳои ногувори онҳо изҳори нигаронӣ кард. Дар охир изҳор карда шуд, ки мақсади асосии Сарвари мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагонии шоиста ба мардум ва риояи талаботи қонун ин манфияти хонадон, сарфаи маблағ барои тарбияи фарзанд ва ташкили тарзи ҳаёти солими аҳли оила аст. Ба хотири зиндагонии хушу гуворо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар ҳамаҷо, баробар ва якхел дар байни аҳолӣ иҷро гардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: