Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ободкорӣ мароми мост

Ободкорӣ мароми мост

31-10-2015, 15:42
Хабарро хонданд: 541 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи дастуру супоришҳои созандаву ободкоронаи Пешвои миллат, раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон рӯзи 31 октябри соли 2015 шанбегии умуминоҳиявӣ гузаронида шуд.
Дар шанбегӣ кормандони соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбомӯзони коллеҷи тиббӣ, литсейҳои ноҳия ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо фаъолона иштирок намуданд.
Масалан дар беморхонаи марказии ноҳия наздики 200 нафар кормандони соҳа дар шанбегӣ иштирок кард. Чунин корҳои ободонӣ дар марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ мутташаккилона гузаронида шуд.
Дар ташкил ва баргузории ин маъракаи ободонӣ саҳми Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан», ки раисаш Раҷабов Эраҷ мебошад, хело назаррас шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон тасмим гирифт, ки минбаъд баргузории ин гуна шанбегиҳоро мунтазам роҳандозӣ намояд.
©Кумитаи иҷроия дар в. Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: