ВАҲДАТ - БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ12-06-2017, 15:05
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд. Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем. Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати мустақиламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад. Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Бе истиқлолияти комил, бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад. Аз ин рӯ, истиқлолият — арзиши олӣ, озодӣ, ободӣ ва бузургтарину муқаддастарин ҷашни миллиамон аст! Имрўзҳо ҳар як сокини кишвари азизро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи 20 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Аз таърихи инсоният мо медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Албатта, ҳар давлату xомеа ба душворию бeҳрон дучор мешавад ва бо роҳҳои гуногун ин мушкилиҳоро ҳаллу фасл мекунанд. Дар кишварҳои uарбӣ ва шарқӣ низ xангҳои дохилӣ ва задухўрдҳою кашокашҳои ба хунрезиҳо оварда кам набуданд. Ба миллати тоxик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эxодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наxот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Пас аз давлати асримиёнагии тоҷикон-давлати Сомониён то имрўз ин миллат чӣ қадар рўзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Ӯ танҳо барои ҳимояи вожаи тоҷик ва миллати тоҷик муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронид. Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» бояд танҳо ягонагии этникӣ, яъне ваҳдати танҳо тоxикон фаҳмида нашавад, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва монанди инҳост. Зеро ҳеx яке аз манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуxуд дошта наметавонанд. Аз ин нигох, Вахдати миллӣ тарзи ҳастии миллат ба шумор меравад. {ақиқатан Вахдати миллй шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонй ва дeстй ҳукмфармосг, он давлат рeз то рeз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриxан меафзояд, ҳам аз xиҳати сиёсй ва ҳам аз xиҳати фарҳангй пеш меравад. Ба андешаи мо, чанд омил мавxуд аст, ки Вахдати миллиро, ба хусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохта, онро арзиши мутлақ мегардонад. Ин омилҳоро метавон ба ду қисм - хориxӣ ва дохилӣ xудо намуд. Ба омили хориxӣ метавон ҳодисаҳои охири xаҳони имрўза, бахусус «баҳори араб»-ро шомил сохт. Ба таври умумӣ метавон зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар ин мамлакатҳо ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эxод сохтани чунин шароитро аз тарафи абарқудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хориxӣ инчунин муносибати на он қадар дўстонаи баъзе мамлакатҳои ҳамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъӣ эxод месозанд, дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофии роҳбарияти {укумати xумҳурӣ зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи Ваҳдати миллӣ хоҳад буд. Омили дигаре, ки метавон ба ин гурўҳ дохил намуд, ин тақдири талхи мардуми афuон ва то имрўз кашол ёфтани кашмакашу низоъ дар ин кишвар мебошад. Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ҳодисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кeшиш менамояд. Ба омили дохилӣ бошад, аввалан, худи xанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эҳсос мешаванд. Сониян, хурд будани xумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз xумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд. Яъне хурд будани ҳудуди кишвар ва камшумор будани аҳолии он худ моҳиятан Ваҳдати миллиро тақозо менамоянд. Ба xумлаи омилҳои дохилӣ, инчунин яксон набудани сатҳи рушди шуур ва фарҳанги сиёсии аҳолӣ низ дохил шуда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили мазкурро ба xумлаи омилҳои ҳалкунанда дохил кардан мумкин аст. Зеро масъалае, чун дарки зарурати Ваҳдати миллӣ, аз Ваҳдати миллӣ вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онҳо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарҳанги сиёсиро тақозо менамоянд. Баъзан саволе пайдо мешавад, ки чи меъёр ё арзиши олие вуxуд дорад, ки ба хотири он байни қавму миллатҳои гуногуни кишвар Ваҳдат вуxуд дошта бошад. Дар чунин ҳол на диният ва на миллият чунин вазифаро адо карда наметавонанд. Чунки дар кишвар uайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндагӣ мекунанд. Инчунин, боз як идда шахсиятҳое низ вуxуд доранд, ки дар зиндагии хеш бо дин ҳеx як робитае доштан намехоҳанд. Дар баробари ин, миллиятро низ чун арзиши ягона набояд қабул намуд, харчанд худи uоя Ваҳдати «миллӣ» номгузорӣ мешавад. Ин xо мафҳуми «миллат» тамоми сокинони мансуби миллатҳои гуногунро, ки дар қаламрави xумҳурӣ ба сар мебаранд, дарбар мегирад. Аз ин рў, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию динӣ метавонад тамоми миллатҳо, гурўҳу ниҳодҳо ва неруҳои иxтимоиро дар кишвар ба хам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинxу беолоиши сокинони кишвар аст. Ваҳдат ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдeст будан аст. Арзиши олӣ барои ҳар як фарди xумњурӣ инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни xумњурӣ низ ба ҳисоб меравад. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста дар назар гирифтан, кадрҳои соҳаҳои гуногун, махсусан xавононро дар рўҳияи ватандўстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намудан, аз зарарҳои ифротгароӣ, маҳалгароӣ, мансабпарастӣ бохабар кардан вазифаи муқаддаси ватандории тамоми xомеа, махсусан роҳбарони сатҳҳои гуногун маҳсуб мешавад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоxикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз xониби xомеаи xаҳонӣ эътирофшуда дар xумҳуриамон таҳкурсии ташаккули xомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Таърихи зиёда аз ду даҳсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлолият, ки фарогири айёми мудҳиши даргириҳо дар оташи ҷанги бемантиқи дохилӣ ва муваффақ шудан ба сулҳи пойдор ва Ваҳдати миллист, ба маънои томаш мактаби бузургу нотакрори давлатсозию давлатдорӣ ва эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллист, ки тавассуташ кишвари азизамон тавонист, худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари нодири сулҳофар муаррифӣ намояд. Маҳз, самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайваста заминагузори ғояҳои ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар муддати кўтоҳи таърихӣ эътибори хоса пайдо намуд. Бист сол муқаддам, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик — Рўзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997-ум ба вуқўъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд. Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат институтҳои воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ба хотири татбиқи он дар минтақаҳои пурхурўҷ ва даргири олам меомўзанд. Солҳое, ки Тоҷикистон баъди расидан ба сулҳи умум аз сар гузаронд, марҳалаи рушди баркамоли кишварамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб мешавад, ки аз ба имзорасии Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма мегирад. Сарпарасти сулҳи тоҷикон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо ҳаққу ҳуқуқи комили маънавӣ роҳи ягонаи таъмини сулҳу амниятро дар кишварҳои ҷангзада, таҳаммули тарафҳои даргир ва нишастан паси мизи гуфтугў эълом доштаанд. Расидан ба Ваҳдати миллӣ ин эҳёи Тоҷикистон аст. Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон, рисолати Ваҳдати миллӣ олитарин арзише аст, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат менамояд. Дар давраи ҳозира ва оянда ҳам рисолати Ваҳдати миллӣ зуҳуроти рўшани ягонагии тамоми ҷомеаи мамлакат ва ҳамбастагии он бо давлату ҳукумат хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ минҷумла гуфта буданд, ки «Ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем». Вахдат - бехтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наxоти миллат, рушди тоxикон, нумeи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рeзгори мардум рe ба беҳбудй меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рe меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалй Раҳмон «{ар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, xомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоxикистон мебошад, ки дар натиxаи xамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дўст муяссар гардид. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас - ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва xавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Бояд қайд кард, ки дар давраи xаҳонишавӣ дар тамоми xаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авx гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин xараён дар ташвишанд. Воқеањое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро ба вуxуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои Тоxикистони мо хеле монанд ҳастанд. Бархeрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигоҳдорӣ намоем. Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳиму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонид. Акнун замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳими таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳар чӣ бештар тарғибу ташвиқ карда шавад. Аз ин лиҳоз, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва кӯшиш ба хотири гус¬тариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат мебошад. Мо Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро танҳо дар сурате пойдору устувор нигоҳ дошта, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода метавонем, ки агар нақшаву ниятҳои оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона вусъати дучанд бахшем, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем ва пайваста саъй кунем, ки Ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонем. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора-пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёрӣ мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда ба қадри он расем. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва умуман ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои бурунмарзиро ба бор оварда, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Бояд қайд намуд, ки ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд имконнопазир буд. Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину лазизи он самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо - тоҷикон фахр месозем. Имрўз Точикистони азизи мо ба муваффакиятхои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иxтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар xаҳони муосир xойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ бадастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ рў ба тараққӣ намуда истодааст. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдатро ба мамлакатҳои Осиё, ба суйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин дастовард боиси эҳёи арзишҳои миллии “Роҳи бузурги абрешим” гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад. Аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шуда, таъкид намудан лозим аст, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрўзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ –ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи моро имрўзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, ҳамеша мо бояд дар хотир дошта бошем, ки рисолати мазкур мавсимӣ набуда, балки доими мебошад. Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад. Оре, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рўзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Имрўз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд. Матлуба Оқилова, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Fафуров, доктори илмҳои фалсафа |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.