Конференсияи XX-уми ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен1-06-2017, 08:55
Хабарро хонданд: 291 нафар
Назарҳо: 0
СПИТАМЕН. Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Конфиренсияи- XX уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар Конфиренсия Сулаймонзода А.Р – аъзои кумитаи иҷроия, Раиси ноҳия, Салимӣ Носирҷон Юсуфзода – аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ректори донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Халилзода Набиҷон – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттиллооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва 250 нафар вакилон иштирок доштанд. Аз рӯйи нақша дар конфиренсия 6- масъала дида баромада шуд. Сараввал ҳисоботи дуюнимсолаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен аз тарафи раиси кумитаи иҷроия Насруллоев О. ва ҳисоботи раиси комиссияи тафтишоти Маҷидов Х, шунида шуд. Сипас ба музокира вакил аз ташкилоти ибтидоии «Навкат» Ахмедова М, вакил аз ташкилоти ибтидоии Куруш Норалиев Э., вакил ташкилоти ибтидои Т.Ӯлҷабоев Саидзода С, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” шунида шуд. Дар рафти конфронс меҳмонон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Ҳалилзода Набиҷон ва Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода А.Р баромад намуданд. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар рафти чорабинии мазкур мудири кор бо занони кумитаи иҷроия Мамадҷонова Д. ба нафақа дар вазъи тантанвӣ гуселонида шуд. Чун анаънаи неки ҳизбиён дар охири чорабинӣ ба 10 нафар наваъзоёни ҷавон , ки бо амри дили худ ба сафи ҳизб шоимл гаштанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ аз тарафи меҳмонон супорида шуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.