Озмуни ноҳиявии бадеию ҳунарии “Шаҳрошӯб”25-05-2017, 09:22
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ. Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо ибтикори намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” озмуни бадеию ҳунарии“Шаҳрошӯб” баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии макотиби марказии ноҳия ва донишҷӯёни муассисаҳои касбӣ иштирок намуданд. Дар расми ифтиттоҳи озмуни мазкур роҳбари намояндагии ТҶҶ “созандагони Ватан” дар ноҳияи Мастчоҳ Муродулло Почозода ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони кишвар табрик гуфта, аъкид намуд, ки ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ниҳоят бузург аст. Аз ин рӯ ҳар яки моро лозим аст, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳо расем ва созандагони воқеии Ватан бошем. Сипас дастаҳо аз рӯи 7 шарт байни ҳам раҷобат намуданд ва билохира бо касби холҳои бештар ҷои аввал насиби дастаи “Сафинаи умед” (коллеҷи тиббӣ) гардид. Дастаи “Ҷавонон” аз МТМУ №16 сазовори ҷои дуюм шуд. Ба ғолибон Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирваии кумиҷроияро супурд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.