Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронии Пешвои миллат дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт

Суханронии Пешвои миллат дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт

24-05-2017, 09:26
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Варзишгоҳи марказии пойтахт

23.05.2017, шаҳри Душанбе

Ҷавонони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст.

Зеро асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавони кишвар, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем.

Роҳбарияти Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани истиқлолият ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки иқдоми зикршуда нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳз бо қабули ҳамин санад барои тарбияи насли замони нав, яъне ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар ва дорои тафаккури муосир заминаи ҳуқуқӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо пайваста кӯшиш дорад.

Дар ин росто, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз самтҳои муҳимми сиёсати давлати мо ба шумор меравад. Мо чунин мешуморем, ки татбиқи пайгиронаи ин ҳадаф омили асосии рушди нерӯи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафти устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумат ба масъалаи боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии устодону омӯзгорони муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин, ҷалби мутахассисони баландихтисос ба ҷараёни тарбияи кадрҳои оянда эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар қалбу шуури ҷавонон парвариш кардани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки устодону омӯзгорон, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа бояд ба он бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоянд. Наврасону ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳия ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург донанд.

Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам хотирнишон намоям, ки дар зарфи солҳои истиқлолият дар кишварамон насли ҷавони дорои тафаккури давлатӣ ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ба камол расид ва итминон дорам, ки ин раванд дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Мо бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот ва риояи ҳатмии талаботи қонун тарбия кунем, онҳоро аз таъсири харобиовари падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили ифротгароӣ, нашъамандӣ ва умуман, ҳама гуна ҷинояткорӣ эмин нигоҳ дорем ва тарзи ҳаёти солимро дар байни онҳо ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ намоем.

Фарзандони азиз!

Шумо бояд ифтихор кунед, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр, дар чунин кишвари зебои биҳиштосо зиндагӣ доред ва ворисони фарҳангу тамаддуни камназир ҳастед.

Аз ин лиҳоз, сидқан дӯст доштани Ватан, ҳифз намудани манфиатҳои миллии он ва бо донишу маърифати замонавӣ дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани Тоҷикистон бояд аз ҳадафҳои асосии шумо бошад.

Шумо — ҷавонон — умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед.

Зеро ояндаи Тоҷикистон шумо ҳастед ва тараққиёти минбаъдаи кишвари маҳбубамон, ки асосҳои мустаҳками он имрӯзҳо гузошта мешаванд ва таҳкими мақоми он дар ҷомеаи мутамаддини башарӣ аз саҳми фаъолонаи шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятии мамлакат вобаста мебошад.

Бо ибрози чунин орзуҳои нек бори дигар кулли ҷавонони саодатманди Тоҷикистон ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳат ва пирӯзу сарбаланд бошед!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: