Рамазон-ин моҳи муборак ва хайру саховат 27 май оғоз меёбад23-05-2017, 08:13
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯро мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон, нисоби закот (нисоб- миқдори пулу моле, ки аз он закот додан лозим аст) дар соли 2017, миқдори садақаи фитр дар моҳи шарифи Рамазон, миқдори фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ), тартиби гузаронидани хатми Қуръони карим дар масҷидҳо, тасдиқи тақвими Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ, матни табрикоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва масъалаҳои ҷориро баррасӣ намуданд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷаласаи мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳои мамлакат сухан карданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода иброз дошт, ки «мувофиқи ҳисоби шаръӣ аз рӯи нархи тилло дар бозори маҳаллӣ нисоби закот дар соли 2017 22 ҳазору 950 сомонӣ муқаррар карда шуд, ки аз он 575 сомонӣ зёакот дода мешавад. Ҳамчунин тибқи карори қабулнамудаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз ба 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии моли бештар доранд) баробар аст. Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2017 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд, ки барои як рӯз 10 сомониро ташкил медиҳад». Зикр гардид, ки моҳи шарифи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 рӯзи шанбе, 27 май оғоз мегардад. Тибқи тақвими тасдиқнамудаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон 30 рӯз мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.