Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Душанбе ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад

Дар Душанбе ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад

23-05-2017, 08:10
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
/АМИТ «Ховар»/. 24 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳайати Шўро роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ўзбекистон шомил мебошанд. Ин сохтор тибқи Созишномаи Шўрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи таъсиси Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои ИДМ», ки 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, созмон ёфтааст.

Дар доираи ҷаласаи мазкур 23 майи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Конференсияи байналмилалӣ оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барпо хоҳад шуд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои кишварҳои сохтори Шўрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, мақомоти оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии Иттиҳод, ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: