Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Хабар

11-05-2017, 14:43
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Хабар
ТУРСУНЗОДА. Санаи 11 май Конференсияи 21-уми Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир шуд. Дар кори он мудири шуъбаи ба қайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳим Шоҳиён, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Турсунзода Солеҳа Холова, директори КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" Абдураҳмон Ҳомидзода ва фаъолону аъзои ҳизб иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Муистон Азизова ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки конфренсия дар мавриде баргузор гардида истодааст, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо меҳру самимият ва садоқати беандоза ба Ватани азизамон Тоҷикистон ба таҷлили санаҳои таърихӣ, яъне 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Сипас ҳисоботи ӯ ба таври васеъ оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия тайи солҳои соли 2015- 2017 шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки тибқи ҳисоботи шуъбаи оморӣ дар чор моҳи аввали соли равон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода 411 нафар шаҳрвандон барои ба сафи ҳизб дохил шудан бо ариза муроҷиат намуда, беҳтаринҳо ба узвият пазируфта шуданд. Ҳоло бошад, шумораи умумии аъзои ҳизб дар шаҳр 16358 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҳизбӣ ба он муваффақ гардидааст, ки корҳои таблиғотӣ-ташвиқотиро беҳтар ба роҳ монда, сафи аъзои ҳизбро аз ҳисоби шахсони арзанда зиёд намояд. Имрӯз дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба фаъолияти аъзои ҳизб диққати ҷиддӣ дода мешавад. Вале новобаста ба ин дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ як қатор камбудиву норасоиҳо, аз қабили ба иҷро нарасидани қарорҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, мавҷуд набудани утоқҳои кории алоҳида дар баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ, дар сатҳи паст қарор доштани ҳуҷҷатгузориҳо, сари вақт пешниҳод нагардидани ҳисоботи оморӣ ва молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ ба назар мерасанд.
Дар конференсия ҳисоботи раиси комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шунида шуд. Дар идома Абдураҳим Шоҳиён ба сухан баромада, оид ба ҳадафҳои стратегияи миллӣ ёдовар шуда қайд намуд, ки дар самти амалисозии ин ҳадафҳо дар тӯли 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем. Шукр аз он мекунем, ки дар як давлати орому осуда кору фаъолият менамоем. Минбаъд низ моро зарур аст, ки барои пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон аз имрӯза дида, беҳтару хубтар ҷидду ҷаҳд намоем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо амну ором ва мардумаш хушбахту сарфароз бошанд, бояд ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосирро пешгирӣ карда тавонем.
Дар конференсия бо тариқи овоздиҳӣ аъзои нави Кумитаи иҷроия, аъзои Комиссияи тафтишотии кумитаи иҷроия ва сармуҳаррири нашрияи хизбии "Ҳидоят" аз нав интихоб шуданд. Дар охир ба 18 нафар аъзои фаъоли ҳизб Сипосномаҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода тақдим гардида, ба 27 нафар ҷавонон, ки нав ба сафи ҲХДТ пазируфта шуданд, шаҳодатномаи узвият ботантана супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: