Намоишгоҳи байналмиллалии “Хатлон – 2015” бо иштироки ширкатҳои Эронӣ19-09-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Кохи Ватани шаҳри Қӯрғонтеппа бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Намоишгохи байналмиллалии “Хатлон – 2015” бо иштироки ширкатҳои Эронӣ кушода шуд. Чорабинии мазкурро узви КИМ ва вилоятии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа С.Қосимова кушода, ҳозиринро бо мақсад ва баргузории ин чорабинӣ шинос намуданд.
Қайд гардид, ки ҳамаи чорабиниҳое, ки бо иштироки ширкатҳои хориҷӣ баргузор мегардад, ин ҳама бо баракати сиёсати дарҳои кушода ва мустаҳкам намудани пайванди дустӣ дар байни миллатҳо ва давлатҳои ҳамсояи наздик, ки Президенти кишвар, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва дастгирӣ менамоянд, баргузор гашта истодаанд. Дар қатори чунин давлатҳои ба мо дӯсту бародар Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалинҳо шуда истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфта, дар давраи 24-соли Истиқлолият дар рушду нумӯи ҳамаи бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва бунёдкории Ватани азизи мо Тоҷикистон саҳмгузоранд. Имрӯзҳо ба хотири боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаи тиҷоратӣ, намоиш ва фурӯши молҳои истеҳсолӣ Эрон дар маркази вилояти Хатлон ҳузури фаъоли худро нишон дода истодаанд. Боварӣ дорем, ки чунин чорабиниҳо дар оянда ҳам зуд-зуд баргузор гардида, ҳар ду тараф аз ин иқдомҳои нек баҳра мебаранд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.